Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

СҶБ: Аз штамми омикрон ҳоло касе нафавтидааст

© pixabayИллюстрация коронавируса
Иллюстрация коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
СҶБ мегӯяд, барои парра омӯхтани навъи нави коронавирус чанд ҳафтаи дигар лозим аст
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ҳоло дар ҷаҳон ягон мавриди фавт аз коронавирус сабт нашудааст, мегӯянд мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар гузориши ахири худ.
Майкл Райан, мудири Барномаи ҳолатҳои изтирории тандурустии СҶБ қайд намудааст, ки барои пурра омӯхтани навъи нав боз чанд ҳафтаи дигар лозим аст.

"Барои муайян кардани дараҷаи сироят ва қобилияти он барои ба вуҷуд овардани бемориҳои шадид чанд ҳафтаи дигар лозим аст. Мо бар ин боварем, ки ба ҳамаи посухҳои худ ҷавоби қатъӣ пайдо мекунем", - таъкид намудааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи сеюми декабр Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, омикрон дар 38 кишвари ҷаҳон муайян карда шудааст, аммо штамми делта ҳамоно сирояткунандатарин ба ҳисоб меравад.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Омикрон ба 38 давлат расид: таъсири ваксина ба он ҳоло дақиқ нашудааст
Вале таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки штамми нав метавонад нисбат ба навъҳои қаблӣ зудтар паҳн шавад.
Дар Тоҷикистон ҳоло вазъи коронавирус ором аст, аммо Наврӯз Ҷаъфаров намояндаи Вазорати беҳдошти ҷумҳурӣ чанде қабл гуфта буд, ки эҳтимоли роҳ ёфтани ин навъи нав ба Тоҷикистон низ вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала