Баъди 24 сол қотилони бародарон Ашӯровҳо маҳкум шуданд

© wikipedia.org/DVIDSHUB / CC BY 2.0Стрельба из АК-47
Стрельба из АК-47 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Додгоҳи Олии Тоҷикистон баъди 24 сол қотилони бародарон Ашӯровҳо Валиҷон ва Чӯпонқулро маҳкум ба зиндон кард
ДУШАНБЕ, 6 дек– Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ду нафар барои куштори Ашӯровҳо ба 15 соли зиндон маҳкум гардиданд.
Ҳукми омилони марги бародарон баъди 24 сол аз лаҳзаи ҷиноят аз сӯйи Додгоҳи Олии Тоҷикистон эълон гардид.
Ба иттилои додситонӣ, ин ду нафар, ки узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ будаанд, ҳамроҳи бархе аз шариконашон 14 августи соли 1997 ба хонаи Ашуровҳо дар деҳаи Кирови колхози Дӯстии шаҳри Турсунзода омада, бо таҳдиди куштан аз онҳо маблағ талаб кардаанд.
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Муноқишаи маргбор: ноболиғ ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд
Манбаъ афзуд, ки модари Ашӯровҳо аз дохили хона маблағи 1 ҳазору 200 доллар ва 700 ҳазор рубли тоҷикиро бароварда, ба ҳамлагарон додааст. Аммо номбурдагон бо мақсади ошкор нашудани ин кирдорашон ду фарзанди ин оиларо бо силоҳои оташфишон кушта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Мақомоти додситонию додгоҳӣ баъди 24 сол ду гунаҳкори ин қазияро барои 15-солӣ равонаи зиндони низомаш сахт кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ мақомоти Тоҷикистон аз муҷозоти омилони ҷиноятҳое хабар дода буданд, ки ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта, замони нооромиҳо дар Тоҷикистон содир шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала