Тоҷикистон аз Чин ним миллион ваксинаи зидди коронавирус дарёфт кард

© AFP 2021 / LILLIAN SUWANRUMPHAФлаконы с вакциной CoronaVac, разработанной китайской фирмой Sinovac
Флаконы с вакциной CoronaVac, разработанной китайской фирмой Sinovac - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Аз 3,3 миллиони пешбинишуда ба ҷумҳурӣ 546 ҳазор воя воксинаи чинӣ бар зидди COVID-19 оварда шуд
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар чаҳорчӯби лоиҳаи грантии Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон як бастаи бузурги ваксинаҳои зидди коронавирус оварда шуд.
Ба иттилои як манбаи Sputnik Тоҷикистон аз БОР, ҳоло 546 000 воя воксини "Sinovac" аз Чин ба ҷумҳурӣ интиқол дода шуд. Каме дертар Тоҷикистон ба таври иловагӣ 3,3 миллион ваксинаи дигар дарёфт хоҳад кард.
Ин ваксина имкон медиҳад, ки беш аз 1,5 миллион нафар моякӯбӣ шаванд, ки тақрибан 25 дарсади гурӯҳи воҷиди шароити ваксинагирӣ аз аҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Первая в мире вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Вуруди боз як бастаи бузурги ваксинаи зидди COVID-19 ба Тоҷикистон
Ба иттилои манбаъ, ваксина аз ҷониби Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) тавассути Маркази дастрасии глобалӣ ба ваксинаҳои COVID-19 (COVAX AMC) дастрас шудааст.
Ҳамзамон дар доираи гранти БОР ба маблағи 25 миллион доллар, ки барои маблағгузории хариди ваксина пешбинӣ шуда буд, контейнерҳо барои нигоҳдории воксинаҳо низ дастрас шудааст.
Илова бар ин грант интиқоли пурраи ваксина ба муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар саросари Тоҷикистонро низ дар бар мегирад.
Жезл ГИБДД  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Ваксина занед, баъд ба Душанбе равед: муроҷиати БДА-и Суғд
Ёдовар мешавем, ки рӯзи якуми декабр дар чаҳорчӯби механизми COVAX низ аз Ҳиндустон ба ҷумҳурӣ 698,5 ҳазор воксинаи "Astrazeneca" оварда шуда буд.
Ба гуфтаи Вазорати тандурустии кишвар, Тоҷикистон дар умум аз панҷ навъи воксин 6,1 миллион воя дарёфт кардааст.
Ҳамин тариқ, имрӯз дар кишвар аҳолӣ бо вакиснаҳои "Sputnik V"-и русӣ, "Covidshield Astrazeneca"-и Ҳиндустон, "CoronaVac-и чинӣ, "Moderna" ва "Pfizer"-и амрикоӣ моякӯбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала