Толибон: Аз замони бозгашти дубораи мо ҳеҷ низомии собиқ эъдом нашудааст

© AP / Mohammad Asif KhanБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Толибон мегӯянд, аз замони бозгашташон ба қудрат дар 30 август ҳеҷ яке аз аъзои собиқ нерӯҳои амниятии Афғонистон эъдом нашудааст
ДУШАНБЕ, 6 декабря — Sputnik. Ба гузориши ИСНО, ба нақл аз шабакаи телевизионии “Ал-ҷазира”, ахиран Амрико, Австралия, Белгия, Булғористон, Канада, Дания, Иттиҳоди Аврупо, Финландия, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Нидерландия, Зеландияи Нав, Македонияи Шимолӣ, Лаҳистон, Португалия, Руминия, Испания, Судон, Шветсия, Англия ва Украина дар баёнияи муштараке толибони Афғонистонро ба “эъдоми дастаҷамъона”-и нерӯҳои собиқи пулис муттаҳам ва эълон карданд: "Мо аз гузоришҳо дар бораи куштору нопадидшавии нерӯҳои амниятии собиқи Афғонистон, ки аз ҷониби созмони "Human Rights Watch" ва дигарон рӯи санад омадаанд, сахт нигарон ҳастем".
Дар вокуниш ба ин изҳорот Қорӣ Сайиди Хустӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии ҳукумати толибон дар Афғонистон дар як паёми видеоӣ гуфт: "Ин иттилоъ бидуни истинод ба мадорик ва санади мувассақ ироа шудааст ва мо онро рад мекунем".
"Ман қатли аъзои собиқи нерӯҳои амниятиро, ки тобистони гузашта сурат гирифта буд, сабт кардаам. Аммо ин қатлҳо ба далели рақобат ва хусумати шахсӣ буданд", - афзуд Хустӣ.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Толибон дар бораи хатти марзӣ тасаввурот надоранд?
Дар ҳамин ҳол Созмони дидбони ҳуқуқи башар ба тозагӣ гузоришеро мунташир кард, ки дар он гуфта мешавад, “қатл ё нопадид шудани иҷбории чаҳор тан аз нерӯҳои амниятии миллии Афғонистонро, ки байни 15 август то 31 октябр тавассути нерӯҳои толибон таслим ва ё боздошт шуда буданд", мустанад мекунад.
Ин созмон гуфт, ки дар миёни қурбониён пулис нерӯҳои истихборотӣ ва ҷангҷӯён низ ҳастанд.
Сухангӯи Вазорати умури дохилии толибон муттаҳам кардани ин гурӯҳро дар куштор "беадолатона" хонд ва афзуд, "агар кишварҳои Ғарб асноде дошта бошанд, бояд онро мунташир кунанд”.
Хустӣ мегӯяд, толибон мутааҳид ба афви умумӣ барои кормандони ниҳодҳои амниятиянд ва ба лутфи ин афв бисёре аз онҳо дар Афғонистон "ором" зиндагӣ мекунанд, ҳатто агар онҳо садҳо толибонӣ ва ғайринизомиро дар тӯли ду даҳаи ҷанги гузашта кушта бошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала