Толибон дар бораи хатти марзӣ тасаввурот надоранд?

© AP / Rahmat GulБоевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Шиллики тӯпҳо дар марзи Афғонистону Эрон хомӯш шуд, аммо нигарониву низомию сиёсӣ боқӣ монд
ДУШАНБЕ, 6 дек– Sputnik. Амалҳои пешгӯинашавандаи толибон ва вазъияти мушкил дар Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ мекунанд.
Дар авоили моҳи декабр дар марзи Афғонистону Эрон миёни артиши Эрон ва толибон* бо истифода аз аслиҳа хурд, мошинҳои зиреҳпӯш ва тӯпҳо задухӯрди шадид сурат гирифт. Маълум шуд, ки марзбонони ин гурӯҳ аз дар куҷо будани хатти сарҳади давлатӣ аслан хабар надоштанд. Онҳо ба сӯйи мардуми осоиштаи кишвари ҳамсоя тирпаронӣ карданд.
Барои мубориза бо қочоқчиён дар вилоятҳои марзии Эрон, Систон ва Балучистон қаблан як девори муҳофизатӣ - садҳо метр аз хатти марзӣ дур бунёд гардида буд. Якуми декабр деҳконони эронӣ тасодуфан деворро дар қаламрави худ убур карданд ва толибон онҳоро ҳамчун марзшикан дониста, тирборон карданд.
Марзбонони Эрон ба толибон, аз ҷумла бо тӯпҳои 122 мм D-30 посух доданд. Толибон мошинҳои зиреҳпӯши аз НАТО боқимондаро истифода бурданд. Задухӯрдҳо пас аз гуфтушунид, рӯзи дуюми декабр анҷом ёфтанд. Тарафҳо расман дар бораи қурбониён хабар намедиҳанд, ҳарчанд қаблан дар расонаҳо хабарҳо дар бораи даҳҳо куштаву захмӣ ва дар бораи ишғоли ду посгоҳи Эрон аз ҷониби толибон нашр шуда буданд.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Нигаронии кишварҳо аз куштори низомиёни пешин дар Афғонистон ва вокуниши толибҳо
Шояд сабабҳои ҳақиқӣ як нофаҳмии марзӣ бошад. Эрон ҳамкориҳои иқтисодиро бо мақомоти нави Афғонистон ба таври мусбат густариш медиҳад. Ахиран, дар моҳи ноябр созишнома дар бораи интиқоли 100 мегаватт нерӯи барқ ​​ба вилоятҳои Ҳирот, Нимрӯз ва Фароҳи Афғонистон ба имзо расида буд. Эрониҳо омодаанд, барои пардозиши маъданҳои Афғонистон (сангҳои қиматбаҳо, тило, литий, мис) сармоягузорӣ кунанд ва ҳамчунин роҳу пулҳо созанд.
Аз сӯйи дигар Теҳрон аз қочоқи маводи мухаддир, вуруди паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба Эрон ва бештар аз ҳама даъвоҳо ба толибон дар мавриди таъқиби ҳазораҳои шиа, ки тақрибан панҷяки ҷамъияти 40-миллионии Афғонистонро ташкил медиҳанд, нигарон аст.
Вақте ки толибон бори аввал дар солҳои 1990 ба қудрат расиданд ва ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар соли 1998 як гурӯҳи дипломатҳои эрониро дар Мазори Шариф ба қатл расониданд, Теҳрон аз Эътилофи шимол пуштибонӣ кард. Дар он замон Тоҷикистон низ аз муқовимати мусаллаҳона дар шимоли Афғонистон ҳимоят мекард.
Пас аз бозгашти дубораи толибон ба сари қудрат мақомоти Тоҷикистон толибонро барои фарогир набудани ҳукумат, поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон, бахусус тоҷикон, ки сеяки аҳолии кишвар ҳастанд (тақрибан 13 миллион нафар), шадидан танқид мекунад.
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Нигаронии СММ аз хатари гуруснагии миллионҳо нафар дар Афғонистон
Эҳтимоли даргириҳои мусаллаҳона дар марзҳои Афғонистон, ки дарозиаш беш аз 5,5 ҳазор километрро ташкил медиҳад, то ҳол дар сатҳи олӣ боқӣ мемонад. Дар баробари ин дар Осиёи Миёна сохтани деворҳои муҳофизатӣ бефоида менамояд.

Марзи ноороми Афғонистон

Дмитрий Полянский, муовини намояндаи доимии Русия дар СММ рӯзи сеюми декабр гуфт, ҳузури гурӯҳи ДИИШ (мамнуъ дар Русия) дар Афғонистон "таҳдид барои кишварҳои ҳаммарзи Осиёи Марказӣ" аст. Дипломат таваҷҷуҳи ҳозиронро ба афзоиши шумори ҳамлаҳои террористӣ бо ҷазби маргталабон ҷалб кард.
Шояд тирпаронии иғвоангез дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон (1 декабр) бо задухӯрдҳо дар марзи Афғонистону Эрон комилан тасодуфӣ буд. Бо вуҷуди ин бояд тӯли марзҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон – 1300 км, Узбакистон – 140 км, Туркманистон – 800 км марзҳои ҳамсоя бо Афғонистон), манофеи ДИИШ (мамнуъ дар Русия) ва дигар гурӯҳҳои террористии байналимлалӣ барои васеъ кардани доираи нуфузи худ дар шимоли дарёи Панҷро ба назар гирифт.
Пограничный Мост Дружбы Хайратон-Термез - предмет ностальгии по советско-афганской дружбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Боздошти шаҳрванди Фаронса дар марзи Ӯзбекистон: ӯ Афғонистон мерафт
Толибон бо ҷанг қудратро дар Афғонистон ба даст оварда, ба ҳамсоягони худ ваъда додаанд, ки ба корҳои дохилии онҳо дахолат нахоҳанд кард, ҳукумати фарогир таъсис медиҳанд ва аз ҳамкорӣ бо террористони ДИИШ (мамнуъ дар Русия) ва "Ал-қоида" (гурӯҳи мамнуъ дар Русия) даст мекашанд. Гуфтугӯҳо бо толибон дар созмонҳои гуногуни хориҷӣ, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Миёна ба хотири муътадил сохтани вазъияти “иморат” буд.
Дар ҳамин ҳол Ӯзбекистон ва Туркманистон ба ҳукумати нав содиқтаранд, аммо Тоҷикистон ҳоло омода нест, ҳукумати навро дар Кобул пазирад. Мавқеи Душанбе дуруст ба назар мерасад: толибон ҳатто дар корҳои хурд ҳам ваъдахилофӣ мекунанд.
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай дар мусоҳибаи ахири худ қайд кард, ки ҳукумати ин гурӯҳ бояд тамоми мардуми Афғонистонро намояндагӣ кунад, танҳо дар он сурат он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мешавад. Албатта, барои ҳукумати нав якбора қабули ин шартҳо душвор аст, вале вақти ба таъхирандозӣ нест. Пул ҳам кам аст.

Харобӣ

Маблағҳои Афғонистон дар бонкҳои Амрико ба таври ҷиддӣ ва муддати тӯлонӣ мунҷамид шудаанд. Ҳаҷми умумии Сандуқи бозсозии Афғонистон 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад, аммо дарёфти ин маблағ хеле мушкил аст. Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи дуюми декабр ҷудо кардани 280 миллион доллар ба Афғонистонро барои хариди ғизо, ки барои ҳар як сокин ҳафт доллар рост меояд, ба тасвиб расонд. Худи ҳамон рӯз Кобул аз СММ 16 миллион доллар гирифт, ки барои ба эътидол овардани вазъ хеле кам аст.
Тарсу нафрат дар Кобул: воқеъияти нави Афғонистон дар тасовир
© REUTERS / Jorge Silva

Ҷамъомади мардуми зиёде дар назди мизи шиносномадиҳӣ пас аз эълони “Толибон”* дар бораи азсаргирии шиносномадиҳӣ ба шаҳрвандон

Ҷамъомади мардуми зиёде дар назди мизи шиносномадиҳӣ пас аз эълони “Толибон”* дар бораи азсаргирии шиносномадиҳӣ ба шаҳрвандон - Sputnik Тоҷикистон
1/8

Ҷамъомади мардуми зиёде дар назди мизи шиносномадиҳӣ пас аз эълони “Толибон”* дар бораи азсаргирии шиносномадиҳӣ ба шаҳрвандон

© REUTERS / Jorge Silva

Аксари кошонаҳои ҳусн бидуни тоблуҳои таблиғӣ: онҳо ё канда ё ранг карда шуданд

Аксари кошонаҳои ҳусн бидуни тоблуҳои таблиғӣ: онҳо ё канда ё ранг карда шуданд - Sputnik Тоҷикистон
2/8

Аксари кошонаҳои ҳусн бидуни тоблуҳои таблиғӣ: онҳо ё канда ё ранг карда шуданд

© REUTERS / Jorge Silva

На ҳамаи мағозаҳо ба воқеъияти нав мутобиқ шудаанд

На ҳамаи мағозаҳо ба воқеъияти нав мутобиқ шудаанд - Sputnik Тоҷикистон
3/8

На ҳамаи мағозаҳо ба воқеъияти нав мутобиқ шудаанд

© REUTERS / Jorge Silva

Назди мағозаҳо ҳамеша метавон нафаронеро дид, ки дар ҳолати фақр қарор доранд

Назди мағозаҳо ҳамеша метавон нафаронеро дид, ки дар ҳолати фақр қарор доранд - Sputnik Тоҷикистон
4/8

Назди мағозаҳо ҳамеша метавон нафаронеро дид, ки дар ҳолати фақр қарор доранд

© REUTERS / Jorge Silva

Барои дархости кумак ҳамзамон занҳое меоянд, ки дар давоми як рӯз бекор монданд

Барои дархости кумак ҳамзамон занҳое меоянд, ки дар давоми як рӯз бекор монданд - Sputnik Тоҷикистон
5/8

Барои дархости кумак ҳамзамон занҳое меоянд, ки дар давоми як рӯз бекор монданд

© REUTERS / Jorge Silva

Кӯчаҳои шаҳри Кобулро ҷангҷӯёни мусаллаҳи “Толибон”* назорат мекунанд

Кӯчаҳои шаҳри Кобулро ҷангҷӯёни мусаллаҳи “Толибон”* назорат мекунанд - Sputnik Тоҷикистон
6/8

Кӯчаҳои шаҳри Кобулро ҷангҷӯёни мусаллаҳи “Толибон”* назорат мекунанд

© REUTERS / Jorge Silva

Аксарии занҳо дар Кобул акнун танҳо бо бурқа гаштугузор мекунанд, то аз зери назари ҳокимияти ҷадид дур бошанд

Аксарии занҳо дар Кобул акнун танҳо бо бурқа гаштугузор мекунанд, то аз зери назари ҳокимияти ҷадид дур бошанд - Sputnik Тоҷикистон
7/8

Аксарии занҳо дар Кобул акнун танҳо бо бурқа гаштугузор мекунанд, то аз зери назари ҳокимияти ҷадид дур бошанд

© AFP 2021 / Wakil Kohsar

Бахши зиёди тиҷорат дар Афғонистон дар ҳоли рукуд қарор дорад

Бахши зиёди тиҷорат дар Афғонистон дар ҳоли рукуд қарор дорад - Sputnik Тоҷикистон
8/8

Бахши зиёди тиҷорат дар Афғонистон дар ҳоли рукуд қарор дорад

1/8

Ҷамъомади мардуми зиёде дар назди мизи шиносномадиҳӣ пас аз эълони “Толибон”* дар бораи азсаргирии шиносномадиҳӣ ба шаҳрвандон

2/8

Аксари кошонаҳои ҳусн бидуни тоблуҳои таблиғӣ: онҳо ё канда ё ранг карда шуданд

3/8

На ҳамаи мағозаҳо ба воқеъияти нав мутобиқ шудаанд

4/8

Назди мағозаҳо ҳамеша метавон нафаронеро дид, ки дар ҳолати фақр қарор доранд

5/8

Барои дархости кумак ҳамзамон занҳое меоянд, ки дар давоми як рӯз бекор монданд

6/8

Кӯчаҳои шаҳри Кобулро ҷангҷӯёни мусаллаҳи “Толибон”* назорат мекунанд

7/8

Аксарии занҳо дар Кобул акнун танҳо бо бурқа гаштугузор мекунанд, то аз зери назари ҳокимияти ҷадид дур бошанд

8/8

Бахши зиёди тиҷорат дар Афғонистон дар ҳоли рукуд қарор дорад

Кӯмаки байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон бо мизони фалокати башардӯстона мутобиқат намекунад. Сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Маргарет Ҳаррис қаблан гуфта буд, ки камғизоӣ дар Афғонистон метавонад ба беш аз 3 миллион кӯдаки то 5-сола таҳдид кунад ва тақрибан як миллиони онҳо ҷони худро аз даст диҳад. Ба гуфтаи СММ, дар фасли зимистон 23 миллион афғонистонӣ маҷбур мешавад, ки ё муҳоҷират ё марг аз гуруснагиро интихоб кунанд.
Тибқи пешгӯии СҶБ, коҳиши шадиди сатҳи зиндагӣ ва буҳрони башарӣ дар Афғонистон ҳатман ба кишварҳои ҳамсоя ва як қатор давлатҳои аврупоӣ таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд.
Гурезаҳо фишор ба буҷаҳо ва таъсир ба бозорҳои меҳнатро кафолат медиҳанд, ки шиддати иҷтимоиро дар кишварҳои гуногун афзоиш медиҳанд. Коршиносони СҶБ тахмин заданд, ки агар як миллион нафар шаҳрванд Афғонистонро тарк кунад, арзиши ҷойгиркунии онҳо дар Тоҷикистон 100 миллион доллар (1,3% ММД), 300 миллион доллар дар Эрон (0,03% ММД) ва беш аз 500 миллион долларро ташкил медиҳад.
Кишваре, ки дар он мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ оғоз мешавад, як минбари мусоид барои густариши нуфузи созмонҳои байналмилалии террористӣ мегардад. Сафи ҷиҳодиён ва эҳтимоли хушунату ифротгароии мазҳабӣ он ҷо афзоиш меёбад. Афғонистон як мушкили муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст.
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
"Шикасти толибон дар арсаи байналмилалӣ” – изҳороти Зоҳир Ағбар
Русия дар канор намеистад. Рӯзи чаҳоршанбе Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар Маскав бо ҳамтои покистониаш Моид Юсуф гуфтугӯ кард. Ҷонибҳо вазъи Афғонистон ва талошҳо барои барқарории сулҳро баррасӣ карданд. Пештар Патрушев дар бораи эҳтимоли “нақшаи фалокатбор” ва даври нави ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон гуфта буд.
Дар соли нави хониш, ки аз якуми декабр оғоз шуд, Ҳавзаи марказии ҳарбӣ Русия беш аз 300 машқи гуногун, аз ҷумла дар қаламрави Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки пойгоҳҳои низомии Русия ва дигар воҳидҳои сохторӣ дар ин минтақаҳо ҷойгиранд, баргузор мекунад. Мавзӯи асосии омодагии ҷангӣ истиқрори фаврии нерӯҳо, баргузории амалиёти стратегӣ, ҳалли низоъҳои мусаллаҳона ва ба эътидол овардани вазъ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар Telegram пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала