Қабули ваксинаҳои зиддикоронавирусӣ дар фурудгоҳи Душанбе - видео

Обуна шудан
Тоҷикистон боз се навъ ваксина алайҳи маризии коронавирусро дастрас кард
Дар чаҳорчӯби лоиҳаи грантии БОР, мусоидати барномаи COVAX ва кумаки башардӯстонаи дигар давлатҳо ба Тоҷикистон боз 868 ҳазор воя ваксина алайҳи коронавирус ворид шуд. Видео аз маъракаи қабули бастаҳои нави ваксинаро Вазорати тандурустӣ дар сафҳаи "Facbook"-аш нашр намудааст.
Ҳамин тариқ БОР ва барномаи COVAX ба Тоҷикистон 546 ҳазор воя ваксинаи "CoronoVax" овардаанд ва соири ваксинаҳо аз тарафи дигар кишварҳо ирсол шудаанд, ки ҷамъан ба 868 ҳазор воя мерасад.
Тоҷикистон аз Чин ним миллион ваксинаи зидди коронавирус дарёфт кард
Вазорат мегӯяд, то шашуми декабр дар ҷумҳурӣ 3 118 210 нафар ва ё 53 дарсади аҳолӣ бо вояи якум ва 2 641 449 нафар бо вояи дуюм моякӯбӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ба Тоҷикистон то ин муддат 7 705 200 воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0