Зодрӯзи Атохонов ва Рӯзи кормандони мақомоти молия: ҳафтуми декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 7 декабря
День 7 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Ҳафтуми декабр дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти молия аст. Ҳамчунин Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ ҳам ба ҳафтуми декабр рост меояд

Муҳимтарин рӯйдодҳои ҳафтуми декабр дар ҷаҳон

Соли 1905 дар Русия сензураи пешакӣ бекор карда шуд.
Соли 1922 парлумони Ирландияи Шимолӣ ба муқобили вуруд ба ҳайати давлати озоди Ирландия овоз дод.
Соли 1987 тӯлонитарин ҳолати бозмондани таппиши дили одам ба қайд гирифта шуд, ки он 4 соат тӯл кашид.
Соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Удмуртия қабул шуд.

Муҳимтарин рӯйдодҳои ҳафтуми декабр дар Тоҷикистон

Соли 2005 бо ширкати президент ва ҳукуматҳои 54 кишвари олам, аз ҷумла Тоҷикистон дар шаҳри Маккаи Мукаррамаи Арабистони Саудӣ иҷлосияи фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид.
Дар хотимаи мулоқоти сарони давлатҳои аъзои созмони мазкур санади ниҳоии он бо номи рамзии Баёнияи Макка қабул гашт.
Соли 2009 аввалин бор хатсайри нави "Душанбе–Оренбург–Душанбе" ба роҳ монда шуд.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии филми ҳуҷҷатии "Тоҷикистон - муқобили маводи мухаддир" баргузор гардид.
День 6 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Солрӯзи Ғоибназаров ва Иномов: 6 декабр дар таърих
Соли 2011 дар идораи минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ду корхонаи дигар – ҶММ "Зарафшон" ва ҶММ "Равзана Пластик" ба қайд гирифта шуданд.
Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба он ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар кард.
Соли 2012 дар Муассисаи давлатии "Маркази худогоҳии бонувони шаҳри Душанбе" -и назди ҳукумати шаҳри Душанбе консерти "Душанбе – шаҳри амн ва дӯстдоштанӣ" барпо шуд.
Соли 2017 ҳайати расмии Тоҷикистон бо гурӯҳи калони соҳибкорони соҳаи тибби Арабистони Саудӣ мулоқот ва вазъи ҳамкории дуҷонибаи соҳавиро баррасӣ намуд.

Ҷашнҳои ҳафтуми декабр

Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти молия;
Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ;
Дар Арманистон – Рӯзи ёдбуди қурбониёни заминларза.

Ҳафтуми декабр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд?

Соли 1924 – ҳунарманди театр Тӯйдӣ Бобиева.
Соли 1936 – олими риёзидон Разиюлло Атохонов.

Ҳафтуми декабр дар Тоҷикистон кӣ даргузаштааст?

Соли 2007 пас аз бемории тӯлонӣ Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Дилбар Қосимова дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Лентаи хабарҳо
0