Амалиёти Қалъаи Саҳро: Муқовимат дар Кописо ҷабҳаи нав боз кард

© AFP 2021 / Ahmad Sahel Arman Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Ҳамлаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба як қароргоҳи толибон дар вилояти Кописо чанд тан куштаву захмӣ ба ҷой гузошт
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Ҷабҳа мегӯяд, ҳеҷ талафоти ҷонӣ надошт, толибон мегӯянд, чанд муқовиматгарро ба ҳалокат расондаанд.
Ҳомид Сайфӣ, муовини фармондеҳи кулли Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки раҳбарии ин амалиётро бар дӯш дошт, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шаби якшанбе ба душанбеи гузашта нерӯҳои муқовимат дар вулусволии Ҳиссаи Дувуми вилояти Кописо болои як қароргоҳи душман ҳамла карданд.

“Дар натиҷа, бар асоси манобеи истихборотии мо, душман чаҳор нафар кушта, захмӣ ҳам дорад, вале теъдодашон мушаххас нест. Як воситаи “Ренҷер” ҳам тахриб шуда ва ба нерӯҳои муқовимат ҳеҷ гуна осебе нарасид”, - гуфт Ҳомид Сайфӣ.

Қаблан толибон хабар дода буданд, ки дар натиҷаи даргири якшанбешаби 14 қавс миёни нерӯҳои онҳо ва дуздони мусаллаҳи ношинос дар шаҳри Маҳмудроқӣ, маркази вилояти Кописо се тан кушта шуд.
Мавлавӣ Каримуллоҳ Васиқ, раис иттилоот ва фарҳанги вилояти Кописо ба расонаҳо гуфтааст, ки дар ин даргирӣ ду фарди мусаллаҳ ва як ҷангии толибон кушта шуда ва ду ғайринизомӣ ҳам захм бардоштааст.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Ҷангҳои Тандурак: Самангон ҷабҳаи нав алайҳи толибон шуд
Ҳомид Сайфӣ бо такзиби ин хабар гуфт, толибон баъд аз амалиёти Ҷабҳаи муқовимат ба наздиктарин қария ҳамла карда, мардуми маҳаллиро, ки ҳеҷ ҷурм надоштанд, даст баста, бурда зиндонӣ кардаанд.
“Минтақае, ки ҳамла карданд, ба номи Қалъаи Саҳро аст, ки қароргоҳашон ҳам он ҷост. Нерӯҳои мо пас аз амалиёт сиҳату саломат ба нуқоти будубоши худ дар кӯҳистон баргаштанд”, - гуфт ӯ.
Ин бори аввал нест, ки толибон нерӯҳои муқовиматро ба номи “дуздони мусаллаҳ” ва “ҷангиёни ДОИШ” муаррифӣ менамоянд, то аз инъикоси фаъолияти мухолифини мусаллаҳашон ҷилавгирӣ намоянд.
Навид Сайидхелӣ, маъруф ба Навиди Хонободӣ, яке аз фармондеҳони зиддитолиб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Шаҳодати Навиди Хонободӣ: Ҷабҳаи муқовимат чанд фармондеҳашро аз даст дод?
Моҳи гузашта як даргирӣ бо муқовиматгарон дар Чоряккор, маркази вилояти Парвонро амалиёт алайҳи аъзои ДОИШ* ва як ҳафтаи қабл ҷанг бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Самангонро амалиёт алайҳи “дуздони мусаллаҳ” арзёбӣ карда буданд.
Дар ҳамин ҳол Кописо пас аз вилоятҳои Панҷшеру Бағлон ва Самангон чаҳорумин вилояте мешавад, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд аз худ дарак медиҳад ва амалиётҳояшро алайҳи ҳукумати толибон роҳандозӣ мекунад.
Кописо бо вилояти Кобул ҳаммарз буда, аз шаҳри Кобул – пойтахти Афғонистон ҳудуди 70 километр фосила дорад. Ин вилоят бо вилоятҳои Панҷшеру Парвон ва Лағмон низ ҳаммарз аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала