Қоидаи нав: вазорат гуфт, даъвати тирамоҳӣ ба охир расид, аммо даъвати баҳорӣ сар шуд

© Пресс-служба администрации Согдийской областиПроводы в армию таджикских новобранцев
Проводы в армию таджикских новобранцев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, бо анҷоми даъвати тирамоҳӣ марҳилаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ амалан шуруъ мешавад, ки ба гуфти баъзе аз сокинон, вазъи афроди аз хидмат канорагирикунандаро душвор хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Тибқи қонун, шаҳрвандоне, ки ба синни хидмати низомӣ расидаанд, то марҳилаи баҳории ҷазби ҷавонон ба артиш ба комиссариатҳои ҳарбӣ фаро хонда мешаванд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати дифои Тоҷикистон то оғози даъвати навбатии шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли иқоматашон ҷалб карда мешаванд.

“Агар дар гузашта мавсими даъват фақат ду моҳ идома дошт ва тамоми чорабиниҳо дар ин марҳала анҷом мешуданд, акнун ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пас аз анҷоми мавсим низ идома хоҳад дошт. Ин як гуна омодагӣ ба мавсими сафарбарӣ хоҳад буд”, - гуфт Фаридун Маҳмадалиев.

Ба гуфти Муслим Собиров, як муҳоҷири тоҷик агар чунин амал роҳандозӣ шавад, барои "хизматгурезон" душвор хоҳад шуд.
"Дар гузашта аксари нафарони қобили хидмат дар суфуфи артиш бо поён ёфтани мавсими сарбозгирӣ ба Ватан мерафтанд ва бо оғози он боз ба муҳоҷират бармегаштанд. Ҳоло агар тамоми мавсим сарбозгирӣ давом кунад, онҳо маҷбуранд ё хидмат раванд ва ё хидмати пулакиро ихтиёр кунанд", - гуфт Собиров.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” 29 январи соли равон вориди амал шуд, ки ба бовари огаҳон, дар қиёс ба қонуни қаблӣ тағйири ҷиддӣ хӯрдааст.
Бино ба он, тамоми ҷинси марди кишвар, аз ҷумла донишҷӯён бо хидмати ҳатмии ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд ва маҳз пас аз хидмати ҳарбӣ роҳи ҳар фард барои кор дар мақомоти қудративу мулкӣ ҳамвор мешавад.
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2021
Навигариҳои хизмати ҳарбӣ: хизмати пулакӣ, дипломдорҳо ҳам раванд, ба кор намегиранд
Ҳамзамон дар асоси моддаи 37-и ин қонун, шаҳрвандоне, ки қобили хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҳастанд ва ҳаққи озод шудан аз хидмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ маблағи хидмати ҳарбиро супорида, пас аз як моҳи тамрини низомӣ аз идомаи сарбозӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 25,2 ҳазор сомонӣ (ё 2,2 ҳазор доллар) мебошад.
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ, ки аз якуми октябр то 30-юми ноябри соли 2021 идома дошт, дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар пурра ба анҷом расид.
Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, ҳангоми даъвати тирамоҳӣ теъдоди бузурге аз шаҳрвандон ин роҳро интихоб кардаанд, аммо он дар бораи омори афроде, ки хидмати пулакиро интихоб карданд, чизе нагуфт.

“Ҳоло мо бо масоили тадорукотӣ машғулем, ки чӣ гуна онҳоро дар маҳалли муайян, дар вилояту навоҳӣ ҷамъ орем ва бо таълим фаро гирем”, - гуфт Фаридун Маҳмадалиев.

Бо қабули ин қонун аксар бар он назар буданд, ки ҳолатҳои "облава" дар Тоҷикистон коҳиш меёбанд Аммо бо оғози даъвати тирамоҳӣ ва ҳамакнун як ҳафта аз поёни он ҳамарӯза дар расонаҳои иҷтимоӣ наворҳое "сайр" мекунанд ва сокинон аз "облава"-и варзишкорону донишҷӯён хабар медиҳанд.
Варзишгар Бобохон Мирзозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Ихтиёрӣ ё “облава”: Мирзозодаро рӯзе пеш аз мусобиқаи Тошканд аз Хуҷанд ба хидмат бурданд
Вазорати дифои Тоҷикистон ҳамеша ҷой доштани "облава" ҳангоми даъват ба артишро рад мекунад.
Ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони марди аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим – тирамоҳ ва баҳор сурат мегирад.
Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, то охири моҳи май ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр дар охири моҳи ноябр идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0