Ҳакимзода ҷаласаи фаврӣ барпо карду ба масъулон супоришҳои президентро расонд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаГлава Хатлонской области Курбон Хакимзода
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Раиси вилояти Хатлон дар ҷаласа аз тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, хушксолӣ ва таъмини саривақтии аҳолӣ бо ваксина гуфту ба масъулин дастуру супоришҳои президентро расонд
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи фаврӣ баргузор кард ва дастуру супоришҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба масъулон расонд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати ин вилоят.
Гуфта мешавад, ҷаласа бо ҳузури муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардору мудирони раёсат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва раисони шаҳри ноҳияҳо баргузор гашт.
Ёвари президент Асадулло Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Асадулло Раҳмон ва Қурбон Ҳакимзода дар Данғара хатти обу роҳ кушоданд
Масъалаҳои асосие, ки дар ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, инҳо тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва хушксолӣ ба ҳисоб меравад.
Раиси вилоят таъкид кард, ки кишти тирамоҳиро сари вақт иҷро намуда, бо омадани гармо ва наборидани барфу борон ҳамаи дастгоҳҳои обкаширо бо барқ таъмин ва ба кор дароварда, тамоми заминҳои киштшударо обёрӣ кунанд.
Ҳамзамон ба масъулон супориш дод, ки тамоми аҳолии ин вилоят ҳарчи бештар бо ваксина алайҳи бемории коронавирус таъмин шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала