Даъвати ҷаласаи якҷояи палатаҳои парлумон: президент паёми солонаашро ироа мекунад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПослание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации Эмомали Рахмона
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо имзои як қарор ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумонро даъват кардааст
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­да­гони Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабри соли 2021, соати 08:00 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, омадааст дар қарори Рустами Эмомалӣ.
Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар ҷаласаи якҷоя паёми солонаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шунида мешавад.
Таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ хоҳад гуфт.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Қарори Рустами Эмомалӣ барои ҷаласаи нави Маҷлиси миллӣ: андозу терроризм баррасӣ мешаванд
Паёми президент ба парлумон ҳамасола дар ҳузури вакилон, роҳбарони мақомоти иҷроия ва додгоҳӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ироа мегардад. Дар бисёре аз муассисаҳои давлатӣ тамошои дастаҷамъонаи паёми президент ташкил карда мешавад.
Қабл аз ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумон, 17 декабр ҷаласаи Маҷлиси миллӣ дар назар аст, ки дар он бархе таъйинот дар мақомоти додгоҳӣ ва қонунҳои қаблан қабулкардаи Маҷлиси намояндагон таъйид мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала