Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Воҳима накунед: коршинос дар бораи штамми нави коронавирус

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксМедицинский работник в Казахстане
Медицинский работник в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Коршиноси Вазорати тандурустии Русия мегӯяд, набояд аз пайдоиши штамми нави коронавирус ба воҳима афтод
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Воҳима дар атрофи пайдоиши штамми нави коронавируси омикрон зараровар аст, тағйироти вирус муқаррарӣ аст, бахусус мегӯяд сармутахассиси бахши марбут ба сирояти ВНМО-и Вазорати тандурустии Русия ва Раёсати тандурустии Маскав Алексей Мазус.
"Ман мехоҳам бигӯям, ки мо набояд воҳима кунем...Русия як ҷузъи шабакаи байналмилалии илмӣ аст, мо шарик, дӯст дорем ва яке аз аввалинҳо шуда, аз Африқои Ҷанубӣ маълумот гирифтем. Хуб, таҳаввул ҳаст, аммо ҳеҷ ҳодисаи фавқулоддае рух надодааст. Барои ҳамин ин воҳима, ба фикри ман, зараровар аст", - гуфт Мазус дар нишасти матбуотии рӯзи сешанбе.
Вай таъкид кард, ки тағйири вирус муқаррарӣ аст, штаммҳои нав ботадриҷ пайдо шудан мегиранд.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Штамми омикрон муфид аст? Шарҳи вирусшинос
"Мо як сирояти нав дорем, як вируси нав, бале, он ба таҳаввул рӯ ба рӯ мешавад ... штаммҳои нав ҳанӯз пайдо мешаванд, инро бояд оромона қабул кард ва дар ҳоле ҳама маълумот нишон медиҳанд, ин штамми на он қадар шадид аст, ки боиси сирояти ҷиддӣ гардад, — илова кард Мазус.
Пештар Анатолий Алтштейн, вирусшинос, доктори илмҳои тиб, академики Академияи илмҳои табии Русия гуфт, маҳз геноми ноустувори коронавируси Вуҳан боиси пайдоиши штамми омикрон гардид ва ин ба поёни пандемия оварда мерасонад.
Штамми нави B.1.1.529 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ рӯзи бистуми ноябр кашф шудааст.
Иллюстрация коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Вирусшинос гуфт, паҳншавии штамми омикрон охири пандемия аст - видео
Ба гуфтаи муҳаққиқон, бисёре аз тағйироти нав дар геноми SARS-CoV-2 аз гузариши баланди ин вариант ва муқовимат ба антителоҳои муҳофизатии онҳое, ки бемор ва ваксина шудаанд, шаҳодат медиҳанд, ҳарчанд барои баровардани хулосаҳои ниҳоӣ ҳанӯз барвақт аст.
Вирусшиноси рус навъи омикронро ваксинаи зиндаи коронавирус номид
Зимнан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин навъро "ташвишовар" гуфт ва онро омикрон номид.
Коршиносон бар ин назаранд, афроде, ки аллакай бемор шудаанд ё ваксина гирифтаанд, эҳтимол мубтало ба ин навъи вирус шаванд ва нишонаҳои он аз хастагӣ то дарди сару аъзои дигари баданро дар бар мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала