Аз мактабҳо то меҳмонхона: сохтмонҳое, ки соли 2022 аз сабукиҳои молиётӣ бархурдоранд

© SputnikСтроительство русской школы в Таджикистане, махалли (микрорайон) Зарафшон
Строительство русской школы в Таджикистане, махалли (микрорайон) Зарафшон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Муассисаю иншооте, ки сохтмонашон дар соли 2022 сабукиҳои молиётию гумрукӣ доранд, номбар шуданд
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ" дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод карда мешаванд. Ин нукта дар Қонуни буҷа барои соли 2022 таъкид шудааст.
Бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори "Исмоили Сомонӣ", ки аз сабукиҳои молиётӣ бархӯрдор аст, соли 2006-ум оғоз гардида, ҳанӯз анҷом наёфтааст.
Инчунин сохтмони бинои чандманзураи маъмурӣ дар суроғаи хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ аз ин гуна сабукиҳо баҳраманд аст. Бар асоси Қонуни буҷаи соли 2022, сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон бо забони русӣ аз пардохти андоз озоданд.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Беш аз 1,1 миллиард сомонӣ ба буҷаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ВМКБ ва Хатлон ихтисос меёбад
Ин макотиб барои 1200 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Турсунзода бо маблағгузории Русия бунёд мешаванд.
Мактабҳое, ки ширкати чинии ТВЕА барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Чордаи шаҳри Ваҳдат ва барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод месозад, аз сабукиҳо бархӯрдор мебошанд, омадааст дар қонун.
Муассисаи таълимии дигар барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғара аз ҷониби ширкати чинии "Синохайдро" ва мактаб барои 540 ҷойи нишаст дар хоҷагии Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби сафоратхонаи Туркманистон сохта мешавад, ки онҳо низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ озоданд.
Инчунин таъкид шудааст, молу маҳсулоте, ки тибқи номгӯи тасдиқкардаи ҳукумат барои бунёди иншооти мазкур ворид мешаванд, бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ дастрас мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0