Рассом дар асорат: муаррифии расмҳои Виктор Бут дар Маскав - видео

Расмкашӣ ба тоҷири русиягӣ, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндонӣ аст, кумак мекунад, ки нерӯи нав гирад ва тавонотар шавад
Дар Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия дар Маскав намоишгоҳи соҳибкор Виктор Бут, ки муҳлати 25-солаи ҳукми зиндонӣ шуданашро дар Амрико сипарӣ мекунад, ифтитоҳ шуд.
Экспозитсия аз 24 расм: портрет, манзара ва натюрморт иборат аст. Бут онҳоро бо қалам, пастелҳо, қаламҳои мумӣ ва рангҳои равғанӣ ранг кардааст.
Ба гуфтаи соҳибкор, эҷодкорӣ ба ӯ кумак мекунад, ки бо вазъият мубориза барад, нерӯ пайдо кунад ва қавӣ шавад.

"Фикр мекунам, ин ба ман кумаки зиёде кард. Вақте шумо худро дар санъат месанҷед, ба дунёи дигаре меафтед, ки ҷараёни вожаҳо аз байн меравад ва танҳо ларзишҳои ашё, лаппишҳои рангҳо ба забони универсалӣ табдил меёбанд", - гуфт Бут.

Вай қайд кард, ки усулҳои расмкаширо аз китобҳо омӯхтааст ва инчунин аз рассомони маҳбус дарс гирифтааст.
Модари “Барони силоҳфурӯш” аз Путину Байден хост, писарашро ба Русия баргардонанд
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2021 аз боздошти Бут дар як амалиёти хадамоти кашфи Амрико дар Бангкок 13 сол пур шуд.
Соли 2012 ҳайате аз додрасҳо дар Ню-Йорк Бутро дар қасди куштори шаҳрвандони ИМА ва дастгирии молии терроризм гунаҳкор донист. Тибқи ҳукми онҳо, Бут 25 солро дар зиндон пушти сар хоҳад кард. Ӯ бештар аз нисфи ин муҳлатро адо кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала