Назарпурсӣ дар мавриди ҳамҷинсгароию миллатгароӣ аврупоиҳоро ду тақсим кард

© Sputnik / Анатолий Медведь / Гузаштан ба хазинаи аксЛГБТ-сообщества, архивное фото
ЛГБТ-сообщества, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Суолҳо дар бораи фарҳанг ва рӯҳияи муосир барои сокинони Аврупо хеле душвор буданд: аксари вақт баробарии тақрибии афрод дар паҳлуҳои муқобил ба назар мерасид
ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Тибқи як назарсанҷие, ки “Ifop” бо дархости Sputnik анҷом додааст, сокинони кишварҳои ғарбӣ дар мавриди арзишҳои чап-либералӣ ба як тавофуқ омада натавонистанд.
Дар назарпурсӣ дар маҷмуъ беш аз 4 ҳазор нафар ширкат карданд. Аз мусоҳибон хоҳиш карда шуд, ки ба панҷ савол дар бораи ҳамҷинсгароӣ, нажодпарастӣ ва "фарҳанги лағв" посух диҳанд. Бо сокинони Олмон, Фаронса, Британияи Кабир ва ИМА мусоҳиба гузаронида шуд.
"Фарҳанги канорагирӣ" падидаест, ки дар Иёлоти Муттаҳида пайдо шудааст. Он аз доираи ҷамъиятӣ хориҷ кардани одамон, гурӯҳҳо ё созмонҳоро дар бар мегирад, агар мушкил ё амали таҳқиромезе дар рафтори онҳо ба назар расад. Аз ҷомеа пурсида шуд, ки онҳо паҳншавии "фарҳанги канорагирӣ"-ро дастгирӣ мекунанд.
Протесты в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2020
Чӣ гуна мубориза бо нажодпарастӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба амал омад
Аксари мухолифони ин тамоюл дар Иёлоти Муттаҳида буданд: падида ба нисфи пурсидашудагон мувофиқат намекунад (тарафдорон хеле кам буданд - 33%). Олмониҳо ва бритониёҳо низ ҷонибдори "фарҳанги канорагирӣ" нестанд: 49% дар ҳар ду кишвар муқобил ва мутаносибан 29% ва 27% тарафдори паҳншавии минбаъдаи он буданд. Дар Фаронса 38 дарсади пурсидашудагон аз "фарҳанги каногирӣ" интиқод ва 33 дарсад аз он пуштибонӣ мекунанд.
Дар байни мукобилони ин идея тарафдорони аҳзоби ростгарои Олмон ва Фаронса, инчунин сокинони Англия ва ИМА, мутаносибан консерваторҳо ва ҷумҳурихоҳонро тарафдорӣ мекунанд.
Дар вактҳои охир дар матбуоти Амрико назарияи танқидии нажодӣ торафт бештар зикр мешавад. Он ба чунин ақида асос ёфтааст, ки нажодпарастӣ на танҳо натиҷаи таассуби шахсӣ аст, балки дар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷомеа ҷойгир шудааст, ки дар навбати худ бояд тағйир дода шавад.
Иртибот миёни чунин идеяҳо ва демократияро бештари пурсидашудаҳо дар аксари кишварҳои ҷаҳон надиданд. Дар Бритониё ҳиссаи онҳое, ки ин назарияро ғайридемократӣ хонданд, аз ҳама бештар - ҳудуди 54 дарсадро ташкил дод. Маврид ба қайд аст, ки назарияи нажодиро бештар онҳое мавриди интиқод гирифтаанд, ки маълумоти олӣ доранд.
Протесты в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2020
Ба Амрико интихоби байни нажодпарастӣ ва анархия пешниҳод карда мешавад
Инчунин назарҳо дар мавриди қарори додгоҳи апеллятсионӣ аз соли 2021 низ якмаром нестанд, ки тибқи он кӯдакони то 16-сола, ҳақ доранд розигияшонро барои амалиёти боздорандаи балоғати ҷинсӣ (аз ҷумла барои тағйири ҷинс) диҳанд.
Ин тасмимро 52 фоизи фаронсавиҳо ва ҳамин қадари бритониёиҳо дастгирӣ накарданд. Мухолифон миёни амрикоиҳои ва олмониҳо ҳудуди 48 дарсадро ташкил дода, теъдоди тарафдорон дар ИМА ба 36% баробар гардид.
Дар мавриди шомил кардани иттилоъ дар бораи ҷуфти ҳамҷинсгароҳою тағйири ҷинс ба барномаи таълимии мактабӣ низ фикрҳоро чанд тақсим кард. Дар ҳамаи кишварҳо ба истиснои ИМА теъдоди онҳое, ки ҷонибдори муҳтавои ҳамҷинсгароӣ дар барномаи мактабиянд, аз мухолифонаш бештар буданд. Дар Олмон онҳое, ки мухолифи чунин навоварӣ нестанд, ҳудуди 53 дарсади пурсидашудаҳоро ташкил додаст.
Тавре назарпурсиҳо нишон додаанд, бархе арзишҳои либералҳои чапгароро асосан ҷавонони то 35-сола фаъолона дастгирӣ мекунанд. Муҳаррики барномаҳои либералҳои чапгаро, аз ҷумла ҳизбҳои "сабз" - у демократҳо мебошанд, ки дар муқобилаашон консерваторҳо қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала