Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пандемияи COVID то кай давом мекунад: Пешгӯии олимони бритонӣ

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузаштан ба хазинаи аксЛюди в защитных масках на остановке общественного транспорта
Люди в защитных масках на остановке общественного транспорта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Коршиносон мегӯянд, дар сурати коҳиши суръати моякӯбӣ ё сабук кардани маҳдудиятҳо муҳлати тахминӣ метавонад зиёд шавад
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Коронавирус ҳадди аққал то соли 2026 хатарнок хоҳад буд. Ин аст хулосаи коршиносони гурӯҳи машваратии таҳқиқоти изтирории Бритониё. Изҳороти онҳо дар вебсайти созмон нашр шудааст.

"SARS-CoV-2 таҳдид ба системаи тандурустиро идома медиҳад ва ҳадди аққал дар панҷ соли оянда мониторинги фаъол тавассути ваксиназанӣ ва маълумотро талаб мекунад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Ба гуфтаи олимон, агар ваксина ва чораҳои умумии пешгирӣ аз паҳншавии вирус ба қадри кофӣ самаранок набошанд, ин давра метавонад афзоиш ёбад.
Пандемия коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Вирусшиноси рус навъи омикронро ваксинаи зиндаи коронавирус номид
Дар изҳорот қайд карда мешавад, ки шояд давоми 5-10 сол барои нигоҳ доштани масунияти оммавӣ тавассути ваксиназанӣ, гузаронидани ташхисҳо ва чанд чораи дигар аз паҳншавии беморӣ ҷилавгирӣ карда шавад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки дар Бритониё бар хилофи дигар кишварҳои аврупоӣ вазъи COVID-19 бинобар ваксинагирии сокинон муътадил шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала