Путин сабаби болоравии нархҳо дар ҷаҳонро гуфт

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Путин гуфт, болоравии нархҳо ба далели сиёсати нарми буҷавии баъзе кишварҳо хусусияти ҷаҳонӣ дорад
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Болоравии нархҳо тамоюли ҷаҳонӣ дорад ва он аз сиёсати нарми буҷавии як қатор кишварҳо ба вуҷуд омадааст, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти роҷеъ ба масъалаҳои иқтисодӣ, менависад РИА Новости.
Ӯ қайд кард, ки дар Русия барои мубориза бо таваррум ба зиёд кардани маҳсулот ва хизматрасонй бояд таваҷҷуҳи зиёд равона шавад.
"Ман қаблан гуфта будам, ки болоравии нархҳо хусусияти ҷаҳонӣ дорад, мо инро ҳам хуб медонем. Сабабҳои аслии он сиёсати ниҳоят нарми буҷавии як қатор кишварҳои хориҷӣ, иқтисодҳои пешрафта аст", - гуфт Путин.
"Бо дарназардошти ин, зарур аст, ки механизмҳои муассири муқовимат ба таваррум ҷорӣ карда шавад. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба афзоиши пешниҳоди коло ва хидматрасонӣ дар бозори дохилӣ таваҷҷӯҳ кунед. Ин пеш аз ҳама ба маҳсулоти ғизоӣ дахл дорад", - афзуд ӯ.
Доллар на земле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Путин дар бораи сарнавишти доллар гуфт: "ИМА шохаеро, ки дар он нишастааст, мебурад"
Пештар президенти Русия гуфта буд, ки таҳримҳои ИМА Русияро маҷбур мекунанд, ки асъори алтернативии долларро истифода барад.
Ба гуфтаи Путин, дар оянда ширкатҳои энергетикӣ метавонанд аз доллар даст кашанд, ки ин ба мавқеи он дар ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халал мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала