Қирғизистон ҳукми абади ду тоҷикро ба 20 соли зиндон тағйир дод

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳукми ҳабси абади ду шаҳрванди Тоҷикистонро бознигарӣ намуд. Ҳамакнун онҳо ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд
ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Қаҳҳоров ва Юнусов сокинони деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ додгоҳе дар Қирғизистон онҳоро бар асоси моддаҳои 380 (ҷиноят бар зидди сулҳ) ва 391 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноии ин кишвар ба ҳабси абад маҳкум карда буд.
Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров рӯзи ҳафтуми декабр дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз гардиши нав дар қазияи додгоҳии шавҳараш дар Қирғизистон хабар дод. Ӯ гуфт, додгоҳи ноҳияи Бодканди Қирғизистон рӯзи 6-уми декабр дар зимни бозбинии парванда ҳукми шавҳараш ва Юнусов онҳоро ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст.

"Дирӯз, баъди итмоми мурофия ин хабарро шавҳарам ба падарашон расониданду он кас ба мо. Мо аз ин хабар хурсанд шудем, аммо боз ҳам ҳайронем, ки шавҳари ман ва Аксар Юнусов одам накушта бошанд ё ягон ҷинояти вазнин содир накардаанд, ки 20-солӣ ҳукми зиндон гиранд”, - таъкид намуд Ҷабборова.

Наргис Ҷабборова иброз кард, ки аз ин ҳукм розӣ нест ва барои раҳоии шавҳараш аз зиндони Қирғизистон мубориза мебарад.
Дар мурофияи додгоҳӣ, додрас шаҳрвандони Тоҷикистонро дар иртибот ба муноқишаи мусаллаҳонаи марзии моҳи апрел муҷрим ҳисобидааст. Аммо пайвандони онҳо иштироки аъзои хонаводаашон дар муноқишаи мусаллаҳонаи марзиро инкор карда, таъкид менамоянд, ки додгоҳ бидуни далел ва ғайриқонунӣ нисбати Қаҳҳоров ва Юнусов ҳукм содир намудааст.

20 соли зиндон барои аксгирӣ бо сарбозон

Рӯзи 22-юми май мақомоти интизомии Қирғизистон ба хонаи саҳроии Абдурозиқ Қаҳҳоров, ки дар ноҳияи Лайлак воқеъ аст, рафта, ҳамсар ва падарашро бо худ ба бинои милитсияи минтақаи Борбордуки Лайлак бурдаанд. Аз боздошти ҳамсар ва падараш Қаҳҳоров огоҳ шуда, ба бинои мақомоти ноҳияи Лайлак рафтааст. Бо омадани Қаҳҳоров мақомоти Қирғизистон ҳамсар ва падарашро раҳо намуда, аммо ӯро боздошт кардаанд.
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“Барои аксгирӣ бо сарбозон”: Ҷузъиёти ҳабси абади ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон
“Мақомоти Қирғизистон дар вақти боздошт телефони мобилии шавҳарамро мусодира намуда, дохилашро ҷустуҷӯ кардаанд. Дар дохили телефон акси зиёде мавҷуд буд. Аз он ки шавҳарам ҳамеша ба аксгирӣ шавқ дошт, барои дар хотир нигоҳ доштани ҳар лаҳзаи ҳаёт бо одамон акс мегирифт. Аз ҷумла чанд акс ҳамроҳи сарбозон ҳам дошт. Ҳамин аксҳоро дар дохили телефон дида, нисбаташон парванда боз кардаанд”, - иброз намуд Ҷабборова.
Бояд гуфт, замине, ки он ҷо пайвандони оқои Қаҳҳоров боздошт шуданд, заминҳои наздимарзии ноҳияи Лайлак маҳсуб шуда, боғу дарахтзорҳои онро ҳудуди даҳ соли пеш Абдухалил Қаҳҳоров, падари Абдурозиқ ҳамроҳи хонаводааш бунёд намуда буданд.
Наргис Ҷабборова мегӯяд, он солҳо баҳси марзӣ зиёд рух намедод ва ё агар ҳам сар мезад, кӯчаку ҷузъӣ буду баъди чанд лаҳза бо якдигарфаҳмии ҷонибҳо ба поён мерасид.
Истифода аз чунин заминҳои наздимарзӣ барои тоҷикон ва қирғизҳо мушкили умда набуд. Сокинони ҷамоати наздимарзии Хистеварз бидуни кадом мушкиле ба ҳудуди ноҳияи Лайлак мерафтанду қирғизҳо ҳам ба ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузашта, молу маҳсулоти худро ба бозорҳо арза мекарданд. Дар чунин маҳаллаҳои наздимарзӣ мардум бо ҳам зиндагӣ мекарданд. Ҳатто дар тӯю сур ва азову мотам сокинони ин ду ноҳияи наздимарзӣ канори ҳам меистоданд.
То чанд соли қабл бар асоси муҷаввиз иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин заминҳои ҳудуди ноҳияи Лайлак, дар боғу мазореи худ кор мекарданд, аммо бинобар иттифоқ афтодани танишҳои марзии миёни Бишкек ва Душанбе мақомоти қирғиз судури ин муҷаввизҳоро ҳам қатъ карданд. Дар ҳоле ки ин заминҳоро замоне тоҷикони боғпарвар амсоли Абдухалил Қаҳҳоров сабз намуда, ҳамроҳ бо қирғизҳо ҳама аз дарахти зардолу рӯзӣ пайдо мекарданд.
Бо ҳамин далел аст, ки сокинони ин минтақаи марзии Тоҷикистон мегӯянд, “хонаи саҳроии Абдурозиқ Қаҳҳоров дар ноҳияи Лайлак воқеъ аст”.
Абдурозиқ Қаҳҳоров 41- сола буда, соли 2002 фаъолияти кориашро аз мактаб-интернати хонандагони ношунаво ва шунавониашон сусти ҷамоати Хистеварз шуруъ намуд ва ҳудуди 12 сол минҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ба хонандаҳо дарс гуфтааст.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ дар гузашта боре ҳам бо кадом ҷурме зиндонӣ нашуда ва аз сӯйи мақомот ҳам мавриди муҷозот қарор нагирифтааст.
Қаҳҳоров чаҳор соли охир ронандаи мусофирбари хатти байнишаҳрии № 66, миёни деҳоти Хистеварз ва шаҳри Гулистон буд ва аз ҳамин ҳисоб барои хонавода рӯзӣ дарёфт мекард.
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳукми абади ду тоҷикистонӣ дар Қирғизистон ва талаби Муллоҷонов аз ҳукумат
Ҷабборова таъкид намуд, ки хонаводаи онҳо дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки Қирғизистон як хонаи саҳроӣ доранд ва баҳору тобистон барои парвариши чорво ва бардошти ҳосили зардолу дар он хона зиндагӣ мекунанд. Ҳатто рӯзҳои 28-29-уми апрел, дар вақти рух додани муноқишаи марзӣ онҳо машғули кори саҳроӣ буданд. Аммо дар пайи шиддати тирпаронӣ онҳо ба хонаи модараш, деҳоти Хистеварз, дуртар аз сарҳад панаҳ бурдаанд. Ӯ мегӯяд, аз ин ҳукми додгоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ буда наметавонад ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят бурда, ҳама талошашро барои раҳоии шавҳараш анҷом медиҳад.
Ӯ гуфт, барои содир шудани чунин ҳукм дар Қирғизистон, ки ғарази марзиро тавассути додгоҳ пиёда карданиянд, таваҷҷуҳи созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқро ҷалб месозад.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғот ё мавзеи обтақсимкуни “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳонаи миёни низомиёни ду кишвар печид.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро муттаҳам ба оғоз кардани ин даргирӣ мекунанд. Бар асари ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидааст. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
“Як км вориди Қирғизистон шуданд”: шарҳи КДАМ Тоҷикистон дар бораи иддаои расонаҳои қирғиз
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар рӯзи якуми май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гурӯҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби муноқишаи шаҳрвандони ду кишвар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0