Тамринҳои СПАД вазъро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба эътидол оварданд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксИсполняющий обязанности генерального секретаря Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Валерий Семериков
Исполняющий обязанности генерального секретаря Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Валерий Семериков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Дар ҳамаи минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ зиёди ҷангӣ ҷамъ шуд, аммо ба гуфти Валерий Семериков, муовини дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Афғонистон як нуқтаи вижаи мушкил боқӣ мемонад.
ДУШАНБЕ, 7 декабря — Sputnik. Кишварҳои узви СПАД бояд низоми амниятро тақвият бахшанд. Дар ин бора муовини дабири кулли созмон Валерий Семериков дар як суҳбати ихтисосӣ бо хабаргузории Sputnik изҳори назар кард.
Семериков бо натиҷагирӣ аз соли ҷорӣ қайд кард, ки сарфи назар аз пандемияи коронавирус СПАД тамоми тадбирҳоро ҷиҳати омодасозии нерӯҳои дастаҷамъии худ амалӣ намуд – аз ҷумла, аксари машқҳоро дар Осиёи Марказӣ бо назардошти ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон анҷом дод.
"Ин (машқ - Sputnik) барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон мусоидат кард. Хуб, мо тавоноии нерӯҳои дастаҷамъонаи худро намоиш додем", - гуфт ӯ.
Ба бовари Валерий Семериков, тамринҳои СПАД нишон доданд, ки кишварҳои узви ин созмон метавонанд дар сурати ташдиди авзоъ дар минтақа ба таври қотеъона ва ҳамоҳангшуда амал кунанд.
"Афғонистон як мушкили вижа, як нуқтаи вижа дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Он муддати тӯлонист, ки боиси нигаронӣ шудааст. Маъмулан маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, терроризм, таҳдиду чолишҳое ҳастанд, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд", - гуфт муовини раиси СПАД.
Валерий Семериков қайд мекунад, ки бо назардошти ҳамаи ин омилҳо, созмон соли оянда дар қаламрави Қазоқистон машқҳои дастаҷамъии вокуниши сареъро ба нақша гирифтааст ва тамринҳои дигар дар Тоҷикистон низ доир хоҳанд шуд.
"Дар қаламрави Қирғизистон мо нақша дорем, ки бо нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи "Бародарии безавол" тамрин намоем", — гуфт Семериков.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала