Таркиши мудҳиш дар Сурхандарё: сабаб ва шумори қурбониёну захмиён маълум шуд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПожар на складе, архивное фото
Пожар на складе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Омили сар задани таркиш аллакай маълум гардидааст ва дар ҷойи ҳодиса комиссияи давлатӣ фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Субҳи барвақт дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон таркиши мудҳише сар зад, ки дар пай сӯхторро ба миён овард.
Бино ба иттилои Sputnik Ӯзбекистон, ин ҳодиса соати 03:57 дақиқа дар маркази савдои "Инденим" рух дод. Гуфта мешавад, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки деворҳои бино фурӯ рехтанд.
Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ баъдан хабар дод, ки дар бино таркиши газ рух додааст. Қаблан дар бораи нуҳ маҷрӯҳ хабар дода шуда буд ва ҳамаи онҳо фавран ба шифохона интиқол ёфтаанд. Ҳоло маълум шуд, ки аз зери харобаҳо ҷасад ҳам пайдо шудааст.

"Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотд як нафар аз зери харобаҳо пайдо шуд", - гуфтанд дар Вазорати ҳолатҳои изтирории ин кишвар.

Тибқи маълумоти пешакӣ, таркиш ва сӯхтор бар асари хуруҷи омехтаи газу ҳаво дар бино рух додааст. Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳукуматӣ таҳти сарварии муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Очилбой Раҳматов кор мекунад ва сабабҳои ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0