Тирпаронӣ дар Маскав: Собянин ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард

Автомобиль реанимации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Дар яке аз марокизи чандманзура (МФЦ)-и шаҳри Маскав шахси ҳувияташ номаълум ба сӯйи мардум оташ кушод
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар Маркази чандманзураи "Рязанский", дар ҷанубу шарқи Маскав як нафари ҳувияташ номаълум сӯи кормандону корафтодагон тир шиллик кардааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, тайи ин тирпаронӣ ду нафар ба ҳалокат расидааст. Наҷотдиҳандагон дар ҷои ҳодиса ҳастанд, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба навиштаи расонаҳо, ҳамлагарро нерӯҳои интизомӣ боздошт кардаанд. Вай ба сӯйи як корманди марказу як корафтода тир шиллик кардааст.
Маълум аст, ки муноқиша миёни ин мард ва мутахассиси марказ бар сари ниқоби тиббӣ ба вуҷуд омадааст.
Тибқи гузоришҳои таъйиднашуда, дар маҷмуъ се нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.
Дар ҳамин ҳол шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ин хабари нохушро таъйид намуда, ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Ӯ гуфт, табибон барои наҷоти маҷрӯҳон талош хоҳанд кард.
Феълан нисбати ҳамлагар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва гуфта мешавад, боздоштшуда аз қабл доғи судӣ надоштааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала