Баррасии масоили сиёсӣ ва амниятӣ миёни Тоҷикистону Аврупо

© МИД РТГлава МИД РТ Сироджиддин Мухриддин провел встречу со Специальным представителем Европейского Союза по Центральной Азии Тери Хакала
Глава МИД РТ Сироджиддин Мухриддин провел встречу со Специальным представителем Европейского Союза по Центральной Азии Тери Хакала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҷанбаҳои калидии шарикиро дар соҳаҳои сиёсӣ ва амниятӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Баррасии масоили сиёсӣ ва амниятӣ зимни дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Тери Хакала, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати хориҷа.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур тарафҳо дар бораи ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амният ва ҳамкории минтақаӣ табодули назари судманд доштанд.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо намояндаи навтаъиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йосефсон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2018
Иттиҳодияи Аврупо ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил намудани “Чакан”-ро дастоварди муҳим донист
“Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақаӣ, аз ҷумла вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва мавзуъҳои байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Бояд гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон ахиран ба Ӯзбакистон сафар кард, то ҳаштуми декабр дар Конфронси дуюми вазирони “Италия – Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1, ки дар Тошканд баргузор мешавад, иштирок намояд.
Лентаи хабарҳо
0