Дар Душанбе алайҳи ҷавони 18-сола барои фурӯши "хлопушка" парванда боз шуд

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузаштан ба хазинаи аксПродажа пиротехники в Краснодаре
Продажа пиротехники в Краснодаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Дар Тоҷикистон бо фарорасии Соли Нави мелодӣ мавсими харидуфурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ - "хлопушка" оғоз мешавад ва мақомоти милиса аллакай аз аввалин боздоштҳо хабар додаанд
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, гарчанде харидуфурӯши маводи тарфгарӣ - "пиротехникӣ-хлопушка" манъ бошад ҳам, садои гӯшхароши он бо фарорасии Соли Нав зиёд шунида мешавад.
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе далели ин ҳолатро дар он гуфт, ки баъзе аз тоҷирон манфиатҳои шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло шуморида, ғайриқонунӣ маводи тарфгарӣ ворид ва паҳн месозанд.
Дар робита ба ин кормандони милитсияи пойтахт як ҷавони 18-соларо дастгир намуданд, ки дар Душанбе ба фурӯши "хлопушка" машғул будааст. Гуфта мешавад, аз номбурда ба миқдори махсусан калон, 120 ҳазор дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) мусодира гардид.
Шампанское на новый год, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Русия
Русия фурӯши машрубро дар Соли Нав манъ мекунад: оё ин воқеият дорад?
Таъкид шудааст, ки алайҳи дастгиршуда бар асоси моддаи 199, иловаи 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Қонунгузории Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ба андозаи на чандон калон, ҷарима аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда феълан дар Тоҷикистон муодили 60 сомонӣ мебошад. Барои муомилот дар ҳаҷми калон ҷарима аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз як то ду соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала