Баррасии таъмини ғизои мактабӣ барои муҳассилин дар Хатлон: аз боғи худӣ то гранти хориҷӣ

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкРебенок обедает в школьной столовой. Архивное фото
Ребенок обедает в школьной столовой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Обуна шудан
Фирӯза Шарифӣ, ноиби раиси Хатлон бо Атҳам Мусаллам, намояндаи Барномаи ҷаҳонии ғизо, ки ба таъмини ғизои мактабӣ дар ҷумҳурӣ машғул аст, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Таъмини ғизои мактабӣ дар макотиби Тоҷикистон аз ҷониби ин созмони ҷаҳонӣ бо дастгирии Русия амалӣ мешавад.
Ба иттилои нашрияи "Хатлон", Барномаи рушди ғизои мактабӣ барои муассисаҳои таълимии 24 шаҳру ноҳияи вилояти пешбинӣ гардида, 767 муассисаи таълимии минтақаро фаро мегирад.

"Дар соли хониши 2021-2022 шумораи умумии баҳрабардорон дар вилоят 225 ҳазору 448 нафар хонандаи синфҳои аз 1 то 4-ро дар бар мегирад, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 25 ҳазор нафар зиёд мебошад", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин дар мулоқот зикр гаштааст, ки дар вилоят 35 муассисаи пилотӣ ба қайд гирифта шудааст ва таъмиру тармим бо таҷҳизоту дигар маводи лозимаи ошхона таъмин карда шудаанд. Манбаъ афзуд, дар давоми соли 2021, 40 фисади лавозимоти ошхона, аз ҷумла зарфҳои ғизохӯрӣ ва чойнӯшӣ иваз гардидаанд.
Посольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
“Хӯреду хонед”: кӯмаки даҳҳо тон орду равғани Русия ба мактабҳои Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон мегӯянд, инчунин бо микрогрантҳо сохтмони гармхона, таъсиси боғҳои мевадиҳанда, заргӯшпарварӣ, мурғпарварӣ ба хотири ғанӣ гардонидани хӯроки мактаббачагон дар назди муассисаҳои таълимӣ оғоз гардидаст.
Дар маҷмуъ зикр гардидааст, аз 767 муассисае, ки Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон онҳоро шомил мешавад, 469 муассиса дорои 278 гектар замини ёрирасон, аз ҷумла 158 гектар замини обӣ ва 120 гектар замини лалмӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0