Дар Лоҳур ҳарбиён бо яроқи нав "душман"-ро маҳв карданд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксТанковый биатлон-2018. "Индивидуальная гонка". Первый этап
Танковый биатлон-2018. Индивидуальная гонка. Первый этап - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Артиши Русия зимни як размоиш дар Тоҷикистон силоҳҳои навро озмоиш кард
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақаранд, бо истифода аз муаслсалҳои нави вазнини "Утес" тамрин анҷом доданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Вазорати дифои Русия.

"Барои нахустин бор низомиёни Русия дар Тоҷикистон мусалсалҳои нави калибри "Утес"-ро озмоиш карданд, ки чанде қабл дар хидмати воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 қарор гирифта буданд", - омадааст дар хабар.

Омӯзиш барои нест кардани ҳадафҳои шартии заминӣ ва ҳавоӣ дар минтақаи махсуси муҷаҳҳазшудаи Лоҳур сурат гирифт.
Ба иттилои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, нерӯҳо нест кардани ҳадафҳои шабеҳи мошинҳои зиреҳпӯш, нуқтаҳои тирпарронӣ ва ҳадафҳои пастпарвози душмани шартиро, ки дар ҳадди ниҳоии тирандозӣ пайдо мешаванд, машқ карданд.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Сенарияи бадтарин": ҳадафи аслии тамрин дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон маълум шуд
Ба гуфтаи низомиён, дар ҷараёни набардҳои омӯзишӣ воҳидҳо вазифаҳои оташфишониро ҳал карда, ҳамчунин ҳадафҳоеро тасниф карданд, ки бояд аввал зарба зананд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки низомиёни пойгоҳи низомии 201 дар соли 2021 дар ҷараёни тамринҳои ҷангӣ ҳудуди 500 миссияи оташнишонӣ анҷом додаанд.
Дар тамринҳо аз маҷмуаҳои мушакии БМ-21 "Град", "Ураган", тӯпҳои 122-мм-и худгард 2S1 "Гвоздика", тӯпҳои 152-мми худгард 2S3 "Акация", хумпораандози 120-мм истифода шуд.
Дар пасманзари ташдиди авзоъ дар марз бо Афғонистон, Русия дар тобистону тирамоҳ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ як силсила машқҳо анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала