Қурайшӣ: Ҷаҳон бояд бо толибон “таомули созанда” барқарор кунад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксШах Махмуд Курейши Министр иностранных дел Пакистан
Шах Махмуд Курейши Министр иностранных дел Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Вазири умури хориҷии Покистон дар дидор бо дабири кулли НАТО хостори таомули созандаи ҷаҳон бо иморати исломии толибон шуд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Покистон бо пахши баёнияе эълом кард, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии ин кишвар дар ҷараёни сафараш ба Брюссел ва дидор бо Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО хостори ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо толибон шуд.
Тибқи иттилои Вазорати хориҷаи Покистон, дар дидори ахири Қурайшӣ ва Столтенберг таҳаввулоти ахири минтақа, равобити дуҷониба ва авзоъ дар Афғонистон баррасӣ шуд.
Қурайшӣ бори дигар пойбандии Покистонро барои пешбурди равобити сулҳомез ва созанда бо ҳамсояҳояш барои ҳифзи сулҳу субот дар Осиёи Ҷанубӣ таъкид кард.
Дети из приюта играют во дворе после школьных занятий, Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Ниёзи думиллиарддолларии ЮНИСЕФ барои наҷоти кӯдакони Афғонистон
Бар асоси ин баёния, вазири умури хориҷии Покистон авҷ гирифтани буҳрони башарӣ дар Афғонистонро нигаронкунанда хонд ва хостори ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо толибон барои кумак ба мардуми Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз суқути иқтисодию иҷтимоии ин кишвар шудааст.
Вай гуфт, ҳамкории ҷаҳон бо толибон барои ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳандагон, густариши терроризм ва рафъи мушкили маводи мухаддир дар ин кишвар ногузир аст.
Покистон яке аз пуштибони аслии толибон дониста мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала