Сардиҳо дар ВМКБ: пешгӯии дақиқи обуҳавошиносон

© Sputnik / Sputnik \ Амир ИсаевПраздник Сада в Душанбе 2021
Праздник Сада в Душанбе 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Ҳавосанҷон дар ВМКБ сардиву дар дигар минтаҳо гармиву фаромадани тормеғро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Ҳавои ВМКБ тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Оҷонсии обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар ғарби вилоят шабона 1-6 хунук, хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 22-27 дараҷа хунук, инчунин рӯзона ҳам 1 дараҷа хунук ва 6 дараҷа гарм мешавад.
Манбаъ дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва фаромадани тормеғро дар баъзе ноҳияҳо пешгӯӣ мекунад.
Дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Сосульки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2021
Ҳавои сард дар Тоҷикистон то 11 январ идома меёбад
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳои ин вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Сокинони пойтахтро бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала