Тоҷикистон созишномаи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро бо Русия тасвиб кард

ПВО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Порлумони Тоҷикистон тарҳи созишномаи Душанбе ва Маскавро барои ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро тасвиб кард
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, тарҳи созишномаро шахсан Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар назди вакилон муаррифӣ кард.
Ёдрас менамоем, ки моҳи сентябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, то лоиҳаи созишнома байни Тоҷикистону Русияро дар бораи ташкили низоми ягонаи минтақаии мудофиаи зиддиҳавоӣ маъқул дониста, имзо кунанд.
Амри раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин хусус 12 сентябри соли равон ба имзо расида буд.
Военные учения Восток-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2020
Русияву Тоҷикистон фазои ҷумҳуриро якҷоя ҳимоят мекунанд
Дар лоиҳаи санад гуфта мешавад, ки қарордод бо мақсади беҳбуди вазъи мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа баста мешавад.
Созишнома қисмате аз низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ мешавад.
Дар санади мазкур зикр шудааст, ки бо назардошти аз якдигар ҷудо будани қаламравҳои Тоҷикистону Русия тарафҳо дар минтақа қисмати ҷудогонаи амнияти дастаҷамъиро дар ҳудуд ва фазои Тоҷикистон ҷудо хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, созишнома ба муҳлати панҷ сол имзо мешавад.
Бояд гуфт, дар бораи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ дар моҳи майи имсол Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия ба мақомоти кишвараш дастур дода буд, ки созишномаи бунёди шабакаи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоиро бо Тоҷикистон омода карда, ба имзо расонанд.
Матни дастури Путин дар ин бора рӯзи 17-уми май дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала