"Тӯби сӯзон" дар осмони Сочи мушоҳида шуд - видео

Обуна шудан
Манзараи ғайриоддӣ аз ҷониби камераҳои назоратӣ ва шоҳидони айнӣ бо телефонҳои мобилӣ сабт шудааст
Ҷисми мунавваре, ки ба метеорит монанд аст, дар осмони баҳри Сиёҳ бо суръати баланд парвоз мекунад.
Видеои лаҳзаи суқути ҷисми осмониро корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд. Дар он нишон дода мешавад, ки ҷисми кайҳоӣ чӣ тавр пайдо шуда, дурахшида, фавран нопадид мегардад.
Метеорити эҳтимолӣ, аз афташ, ба сатҳи Замин нарасидааст ва бинобар хурд будани он дар атмосфера сӯхтааст.
Афтидани ҷирми осмонӣ дар Туркия бо суръату дурахши баланд - видео
Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ҳодиса рӯзи ҳафтуми декабр, соати 20:17 дақиқа дар осмони Сочи, дар наздикии деҳаи Лазаревское рух додааст. Корбарони интернет дар шарҳҳо қайд мекунанд, ки онҳо дар баҳр дурахши ғайриоддиро диданд, ки ба сӯи Адлер шитофт, аммо барои аксбардорӣ вақт надоштанд.
Метеорҳо сангҳои кайҳоние мебошанд, ки ҳангоми афтодан дар атмосфераи Замин месӯзанд. Аксари онҳо танҳо зарраҳои хурде мебошанд, ки бо суръати баланд ҳаракат мекунанд ва изи оташ мегузоранд. Ин дурахшро танҳо шаб дидан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0