Сурх ё зард: кадом навъи себ муфидтар аст?

© Sputnik / Амир ИсаевПрилавок с фруктами на рынке Мехргон в Душанбе
Прилавок с фруктами на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Ранги дурахшони мева аз миқдори зиёди бета-каротин дар таркиби он шаҳодат медиҳад, мегӯяд ғизошинос
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Аксари моддаҳои ғизоӣ дар себҳои сурх, зард ва норанҷиянд.
Дар ин бора Марина Макиша, ғизошиноси рус, узви Ассотсиатсияи миллии диетологҳо ба хабаргузории "Москва 24" иттилоъ додааст.
Ба гуфти вай, ранги дурахшони мева аз он шаҳодат медиҳад, ки дар таркиби он миқдори зиёди бета-каротин мавҷуд аст.
Мандарины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Истеъмоли норангӣ: фоида ва зарар
Одатан он бештар дар себи зард, сурх ва норанҷӣ аст, шарҳ додааст ғизошинос.

"Бета-каротин як антиоксиданти хуб аст. Воқеан ҳам муҳофизи хуб аст. Он ба ҷисм таъсири судманд дорад, бахусус ба нерӯи босира, майнаи сар ва рагҳои хунгард таъсири мусбат мерасонад", - гуфт ғизошинос.

Табиб ҳушдор додааст, ки агар шахс аз бета-каротин ҳассосият дошта бошад, бояд себи сабзро интихоб кунад, ки дар таркиби он низ витамину маъданҳои фоиданок зиёданд, вале он бета-каротини камтар дорад.
Чор нӯшокӣ, ки кори мағзи сарро метезонад
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала