"Хуҷанд" барандаи панҷкаратаи Ҷоми Тоҷикистон гашт

© сомонаи Федератсияи футболи ТоҷикистонФутболбозони тими Хуҷанд
Футболбозони тими Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Бошгоҳи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Бошгоҳи футболи "Хуҷанд" дар пайи пирӯзӣ бар тими "Истиқлол" -и душанбе бори паҷум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.
Рақобати миёни "Хуҷанд" ва "Истиқлол" зуҳри имрӯз, 12 декабр дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд доир гашта, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбон хотима ёфт.
Бозии дастаҳо давоми 90 дақиқа пуршиддат идома ёфт, аммо тимҳо натавонистанд дар вақти асосӣ ба дарвозаи ҳамдигар гол зананд.
Барои муайян намудани ғолиб, бар асоси низомнома, 30 дақиқаи иловагӣ ҷудо шуд, ки дар ин муддат дастпарварони "Хуҷанд" ду гол заданд.
Итоги чемпионата Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон: кӣ бурду кӣ бохт?
Голи аввали замони изофии бозиро Ҳоҷибой Зиёев дар дақиқаи 104 ва голи дувумро бошад, Артём Сердюк дар дақиқаи 117-ум вориди дарвозаи "Истиқлол" кард.
Ин пирӯзии "Хуҷанд" дар ҳолест, ки дар мавсими имсола он дар ягон бозӣ натавонистанд бар “Истиқлол” пирӯз шавад.
Қаблан сармураббии “Хуҷанд” Рустам Хоҷаев дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ бо итминон изҳор дошта буд, ки футболбозонаш ба бозии ҳалкунанда омодаанд.

"Мо муддати хеле тӯлонӣ ба ин натиҷа расидем, ки ба бозии душвор бо "Истиқлол" омодаем ва натиҷаи мусбатро интизорем", - гуфт Хоҷаев.

Ин панҷумин бурди "Хуҷанд" дар финали Ҷоми Тоҷикистон мебошад. Ин даста қаблан, солҳои 1997/1998, 2002, 2008, 2017 чунин дастовард дошт.
"Истиқлол" бошад, солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала