Муҳоҷирон дар ҳолати мушкилӣ аз кӣ кумак мепурсанд: тадқиқот

Иностранные рабочие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Ба гуфтаи раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия, диаспораҳо ва ҷамоатҳо барои муҳоҷирони аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Русия кор мекунанд, нақши муҳим надоранд
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дар ҷамъбасти натиҷаҳои сиёсати муҳоҷирати Русия дар соли 2021 қайд кард, ки диаспораҳо дар зиндагии муҳоҷирон нақши муҳим надоранд.
Тибқи натиҷаҳои як пажуҳиш, ки мутахассисони ФМР дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии Маскави ба номи Ломоносов анҷом додаанд, бузургтарин нерӯи кориро барои Русия Ӯзбекистон таъмин мекунад.
Дар ҳамин ҳол на бештар аз се дарсади афроди навомада, агар бо кору манзил мушкилӣ дошта бошанд, омодаанд, аз иттиҳодияҳои динӣ ё ҷамоатҳо кумак бипурсанд.
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Занг занед: Вазорати меҳнат барои муҳоҷирон ҷои кор меёбад ва мушкилашонро ҳал мекунад
Онҳо усулҳои дигари ба даст овардани маълумотро интихоб мекунанд, масалан, интернет ё ба истилоҳ "сухан аз даҳон"-ро.
Ин барои онҳо боэътимодтарин манбаъ аст.
Ёдрас менамоем, ки пештар намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав, барои расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирон телефони боварӣ роҳандозӣ кард.
Мақомот ба муҳоҷирон гуфтанд, дар ҳолати бедарак шудани наздикон дар Русия чӣ бояд кард
Гуфта мешавад, ин ин ташаббус ба хотири мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ, сари вақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала