Муҳоҷирон дар Русия чӣ қадар маош мегиранд: натиҷаи назарпурсӣ

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкСтроители, архивное фото
Строители, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Обуна шудан
Чунин натиҷаро пас аз як таҳқиқоти сотсиологӣ, ки дар он қариб панҷ ҳазор муҳоҷир ширкат дошт, ба даст овардаанд
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Маоши миёнаи муҳоҷирони корӣ дар Русия қариб ба 50 ҳазор рубл мерасад, гуфт президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов зимни муаррифии "Соҳаи муҳоҷирати Федератсияи Русия дар соли 2021: натиҷаҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо".
Маълумот дар давоми соли 2021 ҷамъоварӣ карда шуд ва дар пажуҳиш 4739 нафар иштирок дошт. Иштирокдорони ин назарпурсӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон будаанд.
Аз рӯи натиҷаҳои пурсиш маълум гардид, ки як коргар ба ҳисоби миёна 47 ҳазору 100 рубл маош мегирад. Музди миёнаи дилхоҳ, ба андешаи посухдиҳандагон, 77,200 рубл аст.
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Путин вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ дод
Коженов қайд мекунад, навкороне, ки забони русиро медонанд, назар ба онҳое, ки забони русиро хуб намедонанд, ба ҳисоби миёна 35% зиёдтар – мутаносибан 49 ҳазор ва 37 ҳазор рубл маош мегиранд.
Тақрибан 22 дарсад ҳашт соат ё камтар аз он кор мекунанд. Инчунин 27,5 фоизи пурсидашудагон аз ҳашт то даҳ соат дар як рӯз кор менмоянд.
Дар ҳамин ҳол 54,4 фисади муҳоҷирон қайд намудаанд, ки маҳз маоши ночиз онҳоро маҷбур намудааст, ки вориди Русия шаванд. Ҳамзамон 18 фисади пурсидашудаҳо аз паст будани сатҳи зиндагӣ дар кишвари худ шикоят намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0