Русия дар соли 2022 аз муҳоҷирон даст мекашад?

© Sputnik / Владимир ВяткинТроицкая башня Московского Кремля.
Троицкая башня Московского Кремля. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Обуна шудан
Норасоии нерӯи корӣ дар куҷо бештар эҳсос мешавад ва агар муҳоҷирон Русияро тарк кунанд, иқтисоди Русия бо чӣ ҳол рӯ ба рӯ мешавад?
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Мақомоти Маскав ҳарчи бештар дар бораи нияти худ барои комилан даст кашидан аз муҳоҷирон дар сохтмонҳо суҳбат мекунанд.
Оё Русия метавонад дар соли 2022 аз хидмати муҳоҷирон даст кашад? Ба ин суол президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия (ФМР) Вадим Коженов посух додааст.
Пеш аз ҳама, ӯ мегӯяд, теъдоди муҳоҷирон аллакай зиёд шудааст ва ба сатҳи пеш аз пандемия расидааст.

"Аз сабаби он ки шумораи зиёди муҳоҷирон соҳаи таъмир ва хидматрасонии хаткашониро, ки дар давраи ҳамагирӣ рушд кард, ба уҳда гирифтанд. Рақаме, ки мо дар охири соли 2019 доштем, бо вазъи феълӣ тақрибан яксон аст. Аммо каср то ҳол боқӣ мемонад", - гуфт Коженов.

Норасоии муҳоҷирони корӣ бештар дар соҳаи хаткашонӣ ва сохтмонҳо эҳсос мешавад. Ҳоло дар саросари Русия лоиҳаҳои зиёди инфрасохторӣ мавҷуданд, ки қувваи корӣ талаб мекунанд. Аз ин ҷост, ки каср пайдо шуда.
Коженов чунин мешуморад, ки камбудро зуд пӯшондан мумкин нест, бинобар ин он то чанде боқӣ мемонад.
Коршинос арзёбӣ кард, ки оё Русия дар соли 2022 аз муҳоҷирон даст мекашад ё не.
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Аксари муҳоҷирон мехоҳанд дар Русия бимонанд - назарсанҷӣ
"Дар кутоҳмуддат, агар теъдоди зиёди муҳоҷиронро аз ягон соҳа бигирем ва берун кунем, он гоҳ ин соҳа ба буҳрони ҷиддӣ дучор мешавад", - таъкид кард Коженов.
Муҳоҷирон аксари вақт он бахшҳои корро интихоб мекунанд, ки имкони ба даст овардани даромади бештар вуҷуд дорад: ин ё сохтмон ё соҳаи хизматрасонӣ аст, масалан, такси.
"Одамоне, ки меоянд, қобилияти хеле баланди корӣ ва истодагарӣ доранд. Каме аз онҳо кор бо ҷадвали 8 соат дар як шабонарӯз интихоб мекунанд. Асосан ҳама 12 соат кор мекунанд, аммо пули хуб ҳам мегиранд", - афзуд Коженов...
Ба андешаи ӯ, имрӯз иқтисоди Русия наметавонад бидуни муҳоҷирон зинда монад. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло хориҷиён 10%-и аҳолии қобили кори кишварро ташкил медиҳанд, ки ин рақами бузург аст.
Коженов бовар дорад, ки агар муҳоҷирон аз кор хориҷ карда шаванд, бисёр соҳаҳо хароб мешаванд.
Муҳоҷирон дар ҳолати мушкилӣ аз кӣ кумак мепурсанд: тадқиқот
"Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирон холисона кор мекунанд, ҳамаашон бо кор таъминанд. Ин аз он дарак медиҳад, ки кори онҳо натиҷаи худро дорад, ба ҷомеа фоида меорад. Ва ба фикрам, онҳоро аз иқтисод дур кардан ғайриимкон аст", - гуфт Коженов.
Лентаи хабарҳо
0