Зиндагии муҳоҷири хурдсол дар урдӯгоҳ - видео

Барфи аввал ва барфбозӣ, бозичаҳои камёфт, ки ба муҳоҷирони хурдсол аз ҷониби кормандони ихтиёрӣ (волонтёр) дода мешаванд ва футболбозӣ дар ҳар гӯшаи мувофиқ: чӣ гуна муҳоҷирони хурд кӯшиш мекунанд, дар як вазъи мушкил дар марз мисли кӯдакони оддӣ зиндагӣ кунанд
Дастикам 150 нафар аз ҳазорон муҳоҷире, ки то ҳол дар маркази икмолотӣ, дар марзи Беларусу Лаҳистон боқӣ мондаанд, кӯдак мебошанд ва дар миёни онҳо атфоли хурдсол, 5-6-сола ва наврасоне низ ҳастанд, ки бояд ба саргармие машғул шаванд.
Дмитрий Шевтсов, раиси Ҷамъияти Салиби сурхи Беларус ба Sputnik гуфт, ки дар миёни онҳо кӯдакони хеле хурдсол каманд.
Вай гуфт, ин атфол бо ғизо, бозича, пӯшак, маводи беҳдоштӣ ва ҳама чизҳои зарурӣ таъминанд.
Наврасон дар маркази логистикӣ ба бозии футбол машғуланд, онҳо асосан дар дохили бино, дар ҳар кунҷи холии он футбол бозӣ мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир сарнавишти кӯдакон ва волидони онҳо дар ин марказ маълум нест. Муҳоҷирони хурдсол аз ояндаи номаълуми худ ташвиш надоранд. Онҳо шоданду бозӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала