Рӯзи ҳуқуқи инсон ва зодрӯзи Худоёр Юсуфбеков: 10 декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 10 декабря
День 10 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Даҳуми декабр Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол буда, дар Тайланд Рӯзи Конститутсия мебошад

Рухдодҳои 10 декабр дар ҷаҳон

Соли 1901 аввалин бор маросими супоридани Ҷоизаи Нобел баргузор гардид.
Соли 1939 дар Фаронса дар рӯзҳои душанбе, сешанбе ва ҷумъа ба фурӯш баровардани гӯшт мамнуъ шуд.
День 8 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Зодрӯзи Мирзоватан Миров: ҳаштуми декабр дар таърих
Соли 1945 ИМА барои таъсиси қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк розигӣ дод.
Соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул намуд.

Рухдодҳои 10 декабр дар Тоҷикистон

Соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис шуд.
Соли 2012 Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Савдо пазируфта шуд.
Соли 2013 дар бинои Барномаи рушди СММ, воқеъ дар шаҳри Душанбе маросими ба имзо расонидани созишномаҳои Барномаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ баргузор шуд.
День 7 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Зодрӯзи Атохонов ва Рӯзи кормандони мақомоти молия: ҳафтуми декабр дар таърих
Соли 2014 вакилони Маҷлиси намояндагон Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати муштараки "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd"-ро ба тасвиб расониданд.
Соли 2017 Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барои ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

Ҷашнҳои 10 декабр

Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон;
Рӯзи ҷаҳонии футбол;
Дар Тайланд – Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 10 декабр кӣ ба дунё омадааст?

Fайбулло Афзалов (1948)- арбоби давлатӣ;
Искандар Боев (1954) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Зиё Абдулло (1948) – шоир, публисист;
Адҳам Ғиёсов (1952) – доктори илми техникӣ, профессор;
Хуршед Каримов (1935) – доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ;
Олег Куршеитов (1945) – меъмор, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ;
Абдуғаффор Қодиров (1953) – математик, профессор;
Раҷаббек Қосимов (1959) – доктори илми химия;
Ҳусейн Насриддинов (1929) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон;
Насрулло Юсуф (1954) – нависандаи ҳаҷвнигор;
Нодири Нодирӣ (1953)- шоир;
Бобо Расулзода (1936 – 2009) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Зарулло Раҳмонов (1959) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон;
Ҳалимҷон Саидов (1936)- олими соҳаи техника, профессор;
Ҳаким Сангинов (1933) – ҳуқуқшинос, профессор;
Ҳаким Содиқов (1933)- ҳуқуқшинос, профессор;
Эшон Худойбердиев (1936 – 1998) – аввалин генерали тоҷик дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан;
Виктор Ҳазратов (1938) – ғижжакнавоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Султонмурод Ҳоҷибоев (1943) – шоири узбекзабони Тоҷикистон;
Мунира Ҷабборова (1937) – доктори илми фалсафа,профессор;
Баҳром Шермуҳаммадов (1934 – 1998) – доктори илми филологӣ;
Худоёр Юсуфбеков (1928 – 1989) – доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино.

Рӯзи 10 декабр дар Тоҷикистон кӣ вафот кард?

Соли 2010 сарояндаи ҷавон Суҳроб Сафарзод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала