Бонки миллӣ ба ширкати “Крестон АС” иҷозатномаи фаълият дод

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати “Крестон АС” барои панҷ сол иҷозатномаи фаъолият дод
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қарор дар бораи дода иҷозанома ба ширкати “Крестон АС” аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 декабри соли равон ба имзо расидааст.
“Дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Крестон АС” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод”, таъкид доштааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Бонки миллӣ ба ширкати “Спитамен Суғурта” ва ташкилоти суғуртавии “Муин” иҷозатнома дод
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи қаблии ҶДММ “Крестон АС”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, ки соли 2017 дода шуда буд, аз эътибор соқит дониста мешавад.
Раёсати Бонк департаменти назорати бонкиро уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдор ворид намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала