Ду инфиҷоре, ки Кобулро такон дод

© AP / Rahmat GulСотрудники службы безопасности Афганистана осматривают место взрыва бомбы в Кабуле, 20 декабря 2020
Сотрудники службы безопасности Афганистана осматривают место взрыва бомбы в Кабуле, 20 декабря 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Обуна шудан
Расонаҳо аз инфиҷори дувум дар шаҳри Кобул хабар доданд
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Шаҳри Кобул дар як рӯз бори дувум аст, ки мавриди ҳамлаи террористӣ қарор мегирад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар шаҳри Кобул ду инфиҷор сурат гирифт. Инфиҷори дувуми мудҳиш, ки пойтахтро такон дод, дар ғарби Кобул сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, баъд аз инфиҷори аввал дар маҳалли Дашти Барчӣ инфиҷори дувум дар минтақаи Пули Сӯхта сурат гирифта, ки аксари бошандагони ин маҳал аз миллати ҳазораи шиамазҳаб мебошанд.
Мехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Боздошти гумонбарони инфиҷор дар пояи барқрасон аз сӯи “Толибон”*
Манбаъ хабар додааст, ки видеои авоқиби ин инфиҷор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Шоҳидони маҳаллӣ мегӯянд, ҳар ду инфиҷор тавассути худрави “Тойота” сурат гирифтааст. То кунун дар мавриди шумори дақиқи қурбониёни ин ҳамла маълумоти дақиқ мавҷуд нест.
Дар ҳоли ҳозир расонаҳо дар бораи ду кушта ва чаҳор захмӣ хабар медиҳанд.
Толибон то ҳол дар бораи инфиҷорҳои ахире, ки дар пойтахти Афғонистон сурат гирифтаанд, тавзеҳоте ироа накардаанд.
Лентаи хабарҳо
0