Ширкати "Kam Air" парвозҳои миёни Кобул ва Тошкандро аз сар гирифт

© PixabayСамолет на закате, архивное фото
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Реҷаи парвозҳо миёни Кобул ва Тошкандро аз хабари зер дарёбед
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Афғонистон аз 14 декабр парвозҳои мусофирбарии байни Кобул ва Тошкандро аз сар мегирад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

"Мо хабари хуш дорем, аз 14 декабр парвозҳоро дубора оғоз мекунем", — гуфтанд дар дафтари ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон ба РИА "Новости".

Сухангӯи "Kam Air" қайд кардааст, ки дар аввал парвозҳои мусофирбарӣ дар як ҳафта ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.
Железнодорожные пути, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Толибҳо ба лоиҳаи роҳи оҳани фароминтақавӣ пайвастанд
Авохири моҳи ноябр оҷонсиии афғонистонии "Bakhtar" бо истинод ба изҳороти сардори ширкати "Kam Air" Змари Комгор хабар дод, ки ҳаракати ҳавоии байни Кобулу Тошканд метавонад дар аввали моҳи декабр барқарор шавад. Ба гуфтаи Комгор, мушкили транзити ҳавоӣ ҳал шудааст.
Абдулғанӣ Бародар аз фароҳам шудани шароити ҳамкорӣ бо Тошканд гуфт
Аммо ҷониби Ӯзбекистон баъдан изҳор кард, ки дар бораи азсаргирии парвозҳои мунтазам байни Кобулу Тошканд хабар надорад.

Ғасби ҳукумати Афғонистон аз ҷониби толибон

Нимаи моҳи август гурӯҳи толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданду бо ҳамин аз анҷоми ҷанг дар кишвар хабар доданд.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомиёни Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
"Ҳукумати паштуншумул": тору пуди ҳукумате, ки "Толибон"* эълон карданд
Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд.
Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар замони ҳукмронии нахустини толибон вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда гирифта буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала