Миҷгона рақиби русиягиашро мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт

© PixabayБоксерские перчатки, архивное фото
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Обуна шудан
Дар даври ниҳоӣ бонуи муштзани тоҷик бо намояндаи Русия муштзанӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон Миҷгона Самадова бо мағлуб кардани се ҳарифаш ба даври ниҳоии Ҷоми муштзании ҷаҳонӣ роҳ ёфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Федератсияи бокси Тоҷикистон.
Бояд гуфт, Самадова дар даври аввали Ҷоми муштзании ҷаҳонӣ бар варзишгари Муғулистон пирӯз шуд ва дар марҳилаи баъдӣ ҳарифашро аз Лаҳистон низ шикаст дод.
Дар бахши ниманиҳоӣ бошад, Миҷгона бар варзишгари рус Малика Шаҳидова дастболо шуда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Женский бой чемпионата Азии по боксу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Миҷгона ҳарифони лаҳистониву муғулашро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт
Дар даври финалӣ муштзани тоҷик бо варзишкори дигари мизбон вориди ринг мешавад.
Рақобати ниҳоӣ рӯзи 11 декабр дар назар аст.
Шаббос Неъматуллоев дар Чемпионати ҷаҳонии бокс ҳарифи олмонияшро шикаст дод: видео
Бояд зирк намуд, ки намояндагони дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Шоира Зулқайнарова ва Сулаймон Нодиров дар рӯзи дуюми мусобиқа аз тарафи ҳарифони худ мағлуб шуданд.
Ёдрас мешавем, ки дар Русия ҷоми 18-уми муштзании ҷаҳонӣ миёни бонувону мардон ҷараён дорад.
Ин мусобиқа дар Русия миёни занону мардони аз 19 то 40-сола ба хотири Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Фармон Салмонов баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0