Шаш мошинро наздик ба ним миллион доллар фурӯхту пулашро надод: "фиреб дар мошинбозор"

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксКонцерн BMW представил новое поколение седана 3-й серии
Концерн BMW представил новое поколение седана 3-й серии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз се ҳолати дигари қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин хабар додааст
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, марде шаш мошини як сокини шаҳри Ваҳдатро гирифта фурӯхтааст, аммо маблағашро ба соҳибаш барнагардондааст.
Ба иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 41-соларо бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд.
Манбаъ афзуд, ки боздоштшуда бо роҳи фиреб ба бовари марди 44-сола даромада, аз ӯ 6 адад автомашинаи гуногунтамға: “Волва”, “Мерседес-Бенс”, “Актрос”, “Ман”, БМВ ва “Мерседес-Бенс”-ро нархгузорӣ карда гирифта, ба шахсони дигар фурӯхта, маблағи ба дастовардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Мақомот мегӯянд, зарари расонидашуда 442 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Логотип автомобильной компании Инфинити  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Боз қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин: "Инфинити"-ро гирифту пулашро надод
Ин ниҳод ҳамчунин, марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҳамин иттиҳом боздошт кардааст.
Боздоштшуда аз марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, 2 адад автомашинаҳои тамғаи БМВ-Х5 ва “Тайота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст, ки зарари расонидашуда 375 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
Ин мард ҳамзамон “Лексус-350”-и сокини шаҳри Ваҳдатро ба маблағи 13 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифтааст, аммо пулашро надодааст.
ВУД мегӯяд алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала