Муҷоҳид: ДИИШ* дигар таҳдиди бузург барои Афғонистон нест

© AP / Muhammad FarooqЗабиулла Муджахед
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Сухангӯи толибон гуфтааст, ки дар се моҳи гузашта 670 ҷангҷӯи ДИИШ* гирифтор шудааст
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон ба расонаҳо гуфтааст, ки ДИИШ* дигар ба Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ намекунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи оқои Муҷоҳид, дар моҳҳои ахир шумори зиёди террористҳои ДИИШ* дастгир шудаанд.
Ба гуфтаи сухангӯи Толибон, ДИИШ як гурӯҳи хурде аст, ки ҳоло дар Кобул ва Нангарҳор пароканда шудааст.
Муҷоҳид гуфт, даҳҳо паноҳгоҳҳои ин гурӯҳ аз сӯи толибон тахриб шудаанд.
Нерӯҳои махсуси Толибон, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар, ки ба вилояти Тахор фиристода шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Толибҳо: Иҷоза намедиҳем ДИИШ* ба Эрон осеб бизанад
Аз замони ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон, ДИИШ* дар чанд манотиқи ин кишвар амалиётҳои террористӣ анҷом додааст.
Ахиран генерал Фрэнк Маккензи, раиси ситоди фармондеҳии марказии Амрико гуфт, ки хуруҷи Амрико дар моҳи августи соли равон ДИИШ* ва “Ал-қоида” дар хоки Афғонистон андаке рушд карда ва бо хуруҷи нерӯҳои амниятии Амрико аз ин кишвар радёбии ин гурӯҳ низ бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала