Путин: Русия душмани ҳеҷ кишвар набуд ва нест

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Раисҷумҳури Русия мегӯяд, кишвараш бо ҳеҷ кишвар душманӣ надорад.
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мегӯяд, кишвараш ҳеҷ гоҳ душмани дигар кишварҳои ҷаҳон нахоҳад буд. Дар ин бора раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар суханронӣ кард, гузориш медиҳад ТАСС.
Раҳбари Русия дар ин дидор дар посух ба ноиби аввали раиси Коллегияи адвокатҳои Маскав Ҳенри Резник, ки гуфта буд, "Русия бо тамоми ҷаҳон душманӣ мекунад", суханҳои болоро зикр кард.

"Оё Русия душмани як кишвар шудааст, Русия душмани тамоми ҷаҳон шудааст? Не, Русия умуман ба ягон гӯшаи ҷаҳон душманӣ накардааст. Қисмати муайяни ҷаҳон моро душмани худ мешуморад", - афзуд президент.

Владимир Путин дар идома мегӯяд: "Оё мо дар ҳуҷҷатҳои институтсионалии стратегии худ навишта будем, ки касеро душман эълон мекунем? Не! Онҳо инро эълон мекунанд! ”.
Ёдовар мешавем, дар гузашта ИМА санадеро нашр кард, ки дар он исми давлатҳои барояш хатарнок ва ё "душман" дарҷ шуда буд. Дар садри он Чину Русия қарор доштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала