Толибҳо аз қочоқбарон ёдгории таърихӣ мусодира кардаанд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookВыставка достижений мастеров Согдийской области
Выставка достижений мастеров Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Шамшери таърихие, ки беш аз сад сол пеш сохта шудааст, аз қочоқбарон дар Афғонистон мусодира гардидааст
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Толибҳо шамшереро, ки арзиши таърихию фарҳангӣ дорад, аз дасти қочоқбарон мусодира кардаанд, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, пулис ин шамшери беш аз садсоларо барои нигоҳдорӣ ба идораи фарҳангу иттилоот дар Афғонистон супоридааст.
Мақомдорони нави Афғонистон аз мардуми кишвар даъват доранд, ки барои ҳифзи арзишҳои тахърихию фарҳангӣ ҳамкорӣ кунанду мероси арзишмандро аз ғорату дуздӣ ҳимоя намоянд.
Шабакаи телевизионии "TOLOnews" мегӯяд, ин нахустин талош барои ба яғмо бурдани молҳои таърихию фарҳангӣ набуда, қаблан низ чунин ҳолатҳо сабт шуда буданд.
Мир Мафтун (Слева) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
"Зинда бод ислом!": Ҳунарнамоии Мир Мафтун дар назди толибон - видео
Ба иттилои ин шабака, мухлисони фарҳанг зимни боздид аз Осорхонаи миллӣ дар Афғонистон, ки ахиран дарашро барои тамошобинон боз намуд, коҳиши ашё дар ин муассисаро мушоҳида кардаанд.
Аммо кормандони осорхонаи миллии Афғонистон мегӯянд, тамоми ёдгориҳои фарҳангию таърихиро дар таҳаввулоти охир ҳифз намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо нимаи моҳи августи соли равон ҳукумат дар Афғонистонро ғасб намуда, аз поёни ҷанг дар ин кишвар хабар доданд. Онҳо эълон намуданд, ки дар Афғонистон аморати исломӣ ташкил мешаваду идораи давлат бар асоси қонуни шариат роҳандозӣ мегардад. Аммо бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тафсире, ки толибҳо ба қонунҳои шариат медиҳанд, интиқод намуда, таъкид мекунанд, ки дар бисёре аз мавридҳо ҳуқуқҳои башариро зери по мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала