Ду хонаводаи зарардида аз сел дар Панҷакент соҳиби манзил шуданд - акс

© Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент/FacebookМанзилҳо барои ду оилаи зарардида аз аз офати табиӣ дар Панҷакент
Манзилҳо барои ду оилаи зарардида аз аз офати табиӣ дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Обуна шудан
Манзили се хонавода дар пайи селфароӣ хароб шуда буд. Сохтмони хонаи сеюм идома дорад
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар вилояти Суғд ду оилаи зарардида аз офати табиӣ соҳиби манзил шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии мақомоти шаҳрдории Панҷакент.
Ҳамин тавр ду манзили нав барои хонаводаҳои деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бунёд гардидааст.
Тибқи гузориши манбаъ, калиди хонаҳоро раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибонаш тақдим кардааст.
Хонаҳои истиқоматӣ ба Нуров Ғолибҷон ва Ҷумъаева Ҳилола, ки манзили зисташон дар натиҷаи селфароӣ хароб гардида буд, супурда шуд.
Чуноне қайд мешавад, манзилҳо бо дастгирии ҳукумати кишвар сохта шудаанд.
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Оҷонсии Оқохон ба зарардидагони офатӣ табиӣ дар Кӯлоб хона тақдим кард
Ёдовар мешавем, моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ тайи як сел се манзили сокинони ҷамоати деҳоти Ёрии Панҷакент хароб шуда буд.
Феълан сохтмони хонаи сеюм давом дорад ва ба наздикӣ ба истифода дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки 19 июли соли 2021 дар ҳудуди чаҳор ноҳияи вилояти Суғд сел фаромад.
Беш аз 750 ҳазор тоҷикистонӣ дар хатаранд: КҲФ ҷойҳоро гуфт
Тибқи гузориши КҲФ Тоҷикистон, бар асари ин офати табиӣ 15 манзили истиқоматии ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент, заминҳои наздиҳавлигӣ, се километр роҳи деҳа низ хароб гашта, 35 сар чорвои сокинон низ талаф ёфта буд.
Лентаи хабарҳо
0