Нӯшидани ҳаррӯзаи чойи сабз чӣ фоида дорад?

© PixabayЗеленый чай, архивное фото
Зеленый чай, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Хусусиятҳои оромбахши чойи сабз инсонро аз стресс раҳоӣ мебахшад ва намегузорад, ки кас аз ҳад зиёд ғизо бихӯрад. Ин ягона ҷанбаи муфиди чойи сабз нест
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik.Чойи сабз метавонад хатари пайдоиши бемориҳои хатарнокро коҳиш диҳад, агар шумо онро ҳар рӯз бинӯшед.
Дар ин бора ғизошинос Татяна Иванникова ба РИА "Новости" гуфтааст.
Гап дар он аст, ки он дорои хосияти оромкунанда мебошад, бинобар ин шахсро аз стресс муҳофизат мекунад, шарҳ дод ғизошинос.
Илова бар ин чойи сабз дорои миқдори зиёди витамини С мебошад, ки инсони шамолхӯрдаро зудтар даво мебахшад. Раванди мубориза бо беморӣ ба воситаи катехинҳо тасреъ мешавад.
Тележка с продуктами в магазине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2019
Даҳ ғизо, ки инсонро ҷавон нигоҳ медорад
Катехинҳо моддаҳои органикӣ буда, антиоксидантҳои пурқувват мебошанд. Ҳамин тариқ, катехинҳои чой иммунитетро барои мубориза бо шамолкашию вируси зуком ҳавасманд мекунанд.
Аз ин лиҳоз, чойи сабз дар фасли сармо организмро аз сармо муҳофизат мекунад.
"Катехинҳо деворҳои капиллярҳоро мустаҳкам мекунанд, хатари пайдоиши ҳуҷайраҳои саратонро коҳиш медиҳанд ва хатари склерозро пешгирӣ мекунанд", - гуфт манбаъ.
Ғизошинос афзуд, ки чойи сабзро ҳангоми фишори пасти хун, бемориҳои ҷигар ё рӯда боэҳтиёт истеъмол кардан лозим аст.
Чор нӯшокӣ, ки кори мағзи сарро метезонад
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала