Маркази Гамалея омикронро ташхис кардааст

© Pixabay/geraltИллюстрация Коронавируса
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Маркази Гамалея омикронро аз организмҳои русҳои сироятшуда ҷудо кардааст
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Маркази тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Русия ба номи Гамалея тарҳи ваксина бар зидди штамми нави сирояти коронавируси омикронро ҷамъоварӣ кардааст.
Аммо ба гуфтаи директори марказ Александр Гинтсбург, то ҳол ягон сабаб барои иваз кардани ваксина вуҷуд надорад.

"Он бар зидди ҳама штаммҳои қаблӣ сохта шудааст, аммо барои тағйир додани ваксина ҳоло ҳеҷ асосе нест", - иқтибос меорад РИА "Новости" аз қавли Гинсбург.

Вай инчунин гуфтааст, ки мутахассисон намунаи навъи омикронро гирифтанд. Намуна аз русҳое, ки дар хориҷа сироят ёфтаанд, гирифта шудааст.
"Мутахассисони мо ба беморхонае, ки беморон дар он ҷо ҳастанд, рафта намунаҳоро барои таҳқиқ гирифтанд", - гуфт Гинсбург.
Эпидемиолог инчунин гуфт, гирифторони омикроне, ки аз Африқои Ҷанубӣ ба Русия омадаанд, қаблан моякӯбӣ шуда буданд ва ба осонӣ бемориро мегузаронанд.
Иллюстрация коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Вирусшинос гуфт, паҳншавии штамми омикрон охири пандемия аст - видео
Қаблан "Роспотребнадзор" нишонаҳои асосии сироятро омикронро гуфта буд. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар беморони гирифтори омикрон баландшавии ҳарорати бадан то 38 дараҷа ва бештар аз он, заифӣ ё хастагӣ, дарди сар, аз даст додани иштиҳо ва сулфа мушоҳида мешавад.
Анна Попова, раиси "Роспотребнадзор" гуфт, Русия ба далели шиддати омикрон назорати марзро шадидтар кардааст. Онҳое, ки аз Африқо тавассути кишварҳои сеюм бармегарданд, аз ҷониби мақомоти сарҳадӣ бодиққат тафтиш карда мешаванд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пас аз ҷаласаи изтирорие омикронро ҳамчун як навъи нигаронкунандаи коронавирус хонд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вирусологи рус, омикрон метавонад ба пандемия хотима бахшад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала