Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Ҳушдори Расулзода аз паҳншавии омикрон ва дастур барои пурзӯр кардани тадобир

© Сайт президента Кыргызской РеспубликиПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Сарвазир аз паҳншавии штамми нави коронавирус - омикрон, ҳушдор дод ва мардумро ба ваксинагирӣ даъват кард
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо бемории COVID-19 баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа вазъи коронавирус дар Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, пурзӯр кардани тадбирҳо баҳри гузаронидани ваксина, баланд бардоштани сатҳи хидматрасонии тиббӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои аъзои ситод баррасӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Сарвазири кишвар дар рафти ин нишаст аз паҳншавии босуръати штаммҳои нави коронавирус ҳушдор додааст.
"Ситод ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки то ҳол бемории сироятии КОВИД-19 бо суръат паҳн гашта, навъҳои гуногуни он ба қайд гирифта мешавад. Омикрон низ яке аз навъҳои бемории сирояти КОВИД-19 мебошад", - гуфтааст сарвазир.
Дар ин росто дар ҷаласа қайд шудааст, ки аз ҳар як сокини кишвар гузаронидани ваксина, риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводи безараргардонӣ талаб карда мешавад.
Расулзода таъкид кардааст, ки танҳо бо роҳи гузаронидани ваксина ва риояи тавсияи мутахассисони соҳи тиб имкони пешгирии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.
Медицинский работник в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олими рус ба безарарии омикрон шубҳа дорад
Дар ин росто ситод баҳри ҷоннок намудани фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳалии вилоят ва шаҳру навоҳӣ дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, гузаронидани ваксина, андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда, ҳамчунин сари вақт расонидани кумакҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби ҳукумат ба оилаҳои ниёзманд ҷудо гардидааст, қарор қабул кардааст.
Бояд гуфт, наздик ба як моҳ мешавад, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус қайд нашудааст.
Дар маҷмуъ, аз оғози ҳамагирӣ то 10 декабр дар кишвар 17095 нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16966 шифо ёфта ва 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидааст.
"Роспотребнадзор" нишонаҳои асосии сирояти омикронро номбар кард
Ёдрас менамоем, ки бори аввал версияи нави коронавирус дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана дар охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуд.
Он аз штаммҳои пештара фарқ мекунад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пас аз як ҷаласаи изтирорӣ, тасмим гирифт, ки ин штаммро ҳамчун сабаби нигаронӣ тасниф кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала