Ҳушдори дабири кулли СММ аз афзоиши фақру гуруснагӣ

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Дабири кулли СММ дар Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ҳушдор дод, ки фақру гуруснагӣ дар даҳсолаҳои охир бори аввал боло меравад
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар паёме рӯзи ҷумъа гуфт: "Эпидемияи Ковид-19, бӯҳрони иқлимӣ ва паҳншавии технологияҳои рақамӣ дар тамоми қишрҳои ҳаёт таҳдидҳои нав ба ҳуқуқи инсонро ба бор овардаанд." Гутерриш гуфт, "маҳрумӣ ва табъиз авҷ гирифтааст."
Майдони ҷамъиятӣ кам мешавад. Камбизоатӣ ва гуруснагӣ бори аввал дар даҳсолаҳо афзоиш ёфт. Миллионҳо кӯдакон аз ҳуқуқи таҳсил маҳрум шудаанд. Нобаробарӣ амиқтар шуд. Аммо мо метавонем роҳи дигарро интихоб кунем.
Ба гуфтаи ӯ барқароршавӣ пас аз эпидемия бояд як фурсат барои пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва барқарорсозии эътимод бошад.
Дар ҳамин ҳол, Елена Доҳан, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар бораи таъсири манфии чораҳои маҷбурии якҷониба ба таъмини ҳуқуқи башар гуфт, таҳримҳои якҷониба ба ҳама, бахусус ба ҳуқуқи башари занон, кӯдакон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир зарар мерасонад.
"Мо медонем, ки таҳримҳои якҷониба аз бархурдории мардуми кишварҳои таҳримшуда аз ҳуқуқи башарии худ монеъ мешавад ва ин таъсир ба вижа барои гурӯҳҳои осебпазир шадид аст", - гуфт ӯ.
Ба ҷуз аз занону кӯдакон, ба ин гурӯҳҳо мардуми бумӣ, маъюбон, гурезагон, оворагони дохилӣ, муҳоҷирон, камбизоатон, пиронсолон, одамони гирифтори бемориҳои вазнин ва дигарон, ки дар ҷомеа бо мушкилоти хос рӯбарӯ ҳастанд, афзуд манбаъ.
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Чин ИМА ва НАТО-ро сабабгори вазъи кунунӣ дар Афғонистон хонд
Доҳан тавзеҳ дод, ки мураккабии муқаррароти таҳримӣ дар якҷоягӣ бо иҷрои беруназҳудудӣ ва муҷозоти сангин боиси аз ҳад зиёд риояи таҳримҳои якҷониба аз ҷониби ниҳодҳо аз тарси оқибатҳои нақзи ғайриқонунии онҳо шудааст.
Гузоришгари вижаи СММ қайд кард, ки таҳримҳо аксаран таҳримҳои сӯзишворӣ ва маҳрумият аз ҷузъҳо барои нигоҳдории зерсохтори муҳим ба монанди ғизо, об, беҳдошт, тандурустӣ ва системаҳои барқро дар бар мегиранд.
Номбурда афзуд, ки таҳримҳо ба кишварҳо аз интиқоли сӯзишворӣ, интиқоли доруву таҷҳизоти тиббӣ ва ҷилавгирӣ аз дастрасии мардум аз кӯмаки тиббӣ, аз ҷумла ташхис ва назорат дар давраи ҳомиладорӣ, таваллуд ва эмгузаронии кӯдакон ва моякӯбиву рафтан ба бемористонҳо мешаванд.
Доҳан аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар даъват кард, ки кумакҳои башардӯстонаи худро ба гурӯҳҳои осебпазир дар кишварҳои таҳримшуда идома диҳанд ва аз кишварҳое, ки таҳримҳои якҷониба ҷорӣ мекунанд, даъват кард, ки таҳримҳоро лағв ё коҳиш диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала