Таъсиси Хиёбони хотира дар Тошканд барои гиромидошти табибоне, ки аз COVID-19 фавтиданд

© AFP 2021 / EVARISTO SAПрофилактические меры против распространения коронавируса
Профилактические меры против распространения коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Ба хотири гиромидошти табибоне, ки дар мубориза бар зидди коронавирус фавтиданд, дар Боғи ғалабаи Тошканд Хиёбони хотира рӯнамоӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Маросими гиромидошти табибони дар мубориза бо коронавирус фавтида, субҳи 11-уми декабр оғоз шуда, дар он мақомҳои баланди Ӯзекистон ширкат кардаанд.
Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Ӯзбекистон, дар ин макон 61 бех ниҳоли чинор, қайроғоч ва акатсия шинонида шуда, дар назди дарахтон лавҳаҳое бо номи табибон гузошта шудаанд.
Дар лавҳаҳо инчунин рамзи QR код нишон дода шудааст, ки тавассути он метавон дар бораи табиби фавтида маълумот гирифт.
 Ветеринар держит в руках шприц с препаратом Карнивак-Ков от COVID-19 в ветеринарной клинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Ӯзбекистон мехоҳад бо ваксинаи русӣ кӯдаконро алайҳи коронавирус моякӯбӣ кунад
Дар Ӯзбекистон низ теъдоди дақиқи табибони фавтида аз коронавирус нашр нашудааст.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, дар соли 2020 дар ин кишвар 485 табиб ва корманди соҳаи тиб аз коронавирусу бемориҳои марбут ба он даргузашт.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар ин кишвар 195 524 ҳолати мубтало ба коронавирус ошкор шуда, 1 434 нафар фавтида ва ҳамчунин 192 260 нафар шифо ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала